Маҳмадалӣ Бобоев (1893, деҳаи Тошгузари ноҳияи Регар — ?, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).

Маҳмадалӣ Бобоев
Таърихи таваллуд 1893(1893)
Зодгоҳ деҳаи Тошгузар, ноҳияи Регар
Таърихи даргузашт 21 январ 1977(1977-01-21)
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин Ордени Ситораи Сурх

Зиндагинома вироиш

Чоряккор, чӯпон (1914—1925), иштирокдори фаъоли муборизаи зидди босмачигӣ, узви итти­фоқи «Қумчӣ» буд. Солҳои 1930—1933 колхозчии хоҷагии ба номи Телман, 1934—1961 сардори звено ва бригадаи пахтакории хоҷагии «Комму­низ­м»-и ноҳияи Регар. Аз соли 1961 нафақагири шахсӣ. Бригадаи Маҳмадалӣ Бобоев' ҳосили фаровони пахта рӯёндааст.

Ордену медалҳо вироиш

Бо орденҳои Ленин, Ситораи Сурх сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Музалевский М. В. Герои Социалистического Труда. Биобиблиографический словарь. — М.: РИЦ «Кавалер», 2009. — Т. 3. — 181 с.