Маҳмадсаид Аҳмадов

овозхони тоҷик

Маҳмадсаид Аҳмадов (Аҳмадов Маҳмадсаид Исломович, маъруф ба Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ; 10 феврали 1955, деҳаи Гулханӣ, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 14 июни 2021, Ҳисор, Тоҷикистон) — овозхони маъруф, наътсаро, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2009).

Маҳмадсаид Аҳмадов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 10 феврал 1955(1955-02-10)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 июн 2021(2021-06-14) (66 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Маҳмадсаид Аҳмадов 10 феврали соли 1955 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (1975). Солҳои 1975—1976 корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Данғара, 1977—1978 корманди хонаи маданияти ноҳияи Ҷиргатол, 1979—1981 корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Нуробод, 1981—1990 роҳбари бадеии хонаи маданияти хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Ҳисор кор кардааст. Аз соли 1990 то охири умр корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ва ҳамзамон овозхони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови ноҳияи Ҳисор буд.

Сурудаҳо вироиш

Маҳмадсаид Аҳмадов бо хондани ғазалу қиссаву ривоятҳои динӣ ва сӯфиёнаву ирфонӣ дар миёни ҳаводоронаш дар Тоҷикистон бо номи Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ бисёр маъруф буд[1].

«Ёди рӯи ту», «Хуш намеояд маро», «Табъи гуҳарбор», «Бонги ҷараст», «Азиз аст», «Суроғи кӣ будӣ?», «Зи куҷо меоӣ?», «Камони абрӯ», «Мавҷи рамида», «Шамъи дилафрӯз», «Барнамеояд», «Сорбон», «Ба тоҷик», «Таърих гувоҳ аст», «Шукрона», «Қадри нон», «Ман зи Оли Сомонам» аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.

Даргузашт вироиш

Маҳмадсаид Аҳмадов бар асари беморӣ субҳи 14 июни соли 2021 дар зодгоҳаш дар 66-солагӣ даргузашт[1].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Даргузашти Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ овозхони наътхони маъруфи тоҷик. asiaplustj.info. Tajikistan News ASIA-Plus. 14 июни 2021 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.