Маҳмадёр Хуҷамёров

Маҳмадёр Хуҷамёров (19 майи 1930, деҳаи Рошарв, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ — 1998, Хоруғ) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1964).

Маҳмадёр Хуҷамёров
Таърихи таваллуд 19 май 1930(1930-05-19)
Зодгоҳ деҳаи Рошарв, ноҳияи Рӯшон
Таърихи даргузашт 1998(1998)
Маҳалли даргузашт Хоруғ
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1964)

Зиндагинома

вироиш

Дар мактаби махсуси ҳунарӣ нахондааст, аз 17-солагӣ роҳбари дастаи ҳаваскорони санъати водии Бартанг таъин гардид. Солҳои 1950—1990 ба сифати овозхон дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ фаъолият доштааст. Дар спектаклҳо нақшҳо бозидааст, аммо асосан чун овозхон машҳур буд. Қариб ҳаштод тарона сурудаю мардум аз навозиши ҷонпарвари савташ лаззат бурдааст. «Оҳу ба дашт меравад», «Ширинзабон», «Ба чашм», «Мегиряд», «Чашмони сиёҳ», «Ба Ватан», «Сад бор гуфтам», «Кӯи ҷонона», «Чӣ мешавад» намунае аз таронаҳояш ҳастанд. Дар хониши наҳт ё мадиясароӣ низ дасти боло дошт.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.