Маҳмадқул Давлатов
Маҳмадқул Давлатов – оҳангсоз, дирижёр, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2009), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2011).
Маҳмадқул Давлатов | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз (композитор) |
Ҳолнома
вироишМаҳмадқул Давлатов соли 1980 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро бо ихтисоси рубоб-бас (дутор-бас) ва дирижёри оркестри созҳои халқӣ (1980) ва бо ихтисоси дирижёри опера ва оркестри симфонӣ (1997) хатм намуда, дар кафедраҳои созҳои халқӣ ва композиторӣ, партитурахонӣ ва созбандӣ ба ҳайси омӯзгор (1979 – 2003), дар Театри академии опера ва балети ба номи С Айнӣ ба ҳайси дирижёр (1997 – 2008) кор кардааст. Ӯ дар барқарор ва ба саҳна гузоштани операҳои «Найрангҳои Майсара»-и С.Юдаков, «Служанка-госпожа»-и Перголези, «Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов, «Алеко»-и С.Рахманинов, «Бременские музыканты»-и Г.Гладков, «Бузаки ҷингилапо»-и А.Одинаев, «Комде ва Мадан»-и 3.Шаҳидӣ, «Қишлоқи тилоӣ», «Биё барфибобо, биё соли нав»-и Д.Дӯстмуҳаммадов, «Карлик нос»-и Т.Шаҳидӣ, «Рӯдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов, балети И. Штраус «Большой вальс» ва ғайраҳо саҳми назаррасе ба анҷом расондааст. М. Давлатов аз композиторони маъруфи тоҷик, профессорон А.Одинаев, Т.Сатторов ва дар овони ҷавонӣ аз Саид Ҳамроев нозукиҳои дарси партитурахонӣ, созбандӣ ва композиториро аз бар намуда, донандаи хуби ҳайатҳои гуногуни оркестри симфонӣ мебошад. Аз эҷодиёти композиторони тоҷик, рус ва ҷаҳонӣ барои оркестри симфонӣ бештар аз 100 асари гуногунжанрро созбандӣ (инструментовка ва аранжировка) кардааст. Соли 1986 дар Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд, соли 1988 дар Донишкадаи мусиқӣ-омӯзгории ба номи Гнесинҳои (ҳоло Ака- демияи мусиқӣ) шаҳри Москва ва соли 2004 дар Консерваторияи миллии Қирғизистон такмили ихтисос кардааст. Дар лоиҳаи «Клавирҳои операҳои тоҷик» (муаллиф Ф. Азизӣ), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти он ҷонибдорӣ шудааст, Маҳмадқул Давлатов вазифаи муҳаррири масъулро ба уҳда дорад. Донишу малакаи касбӣ ба ӯ имконият медиҳад, ки тамоми корҳои точопиро дар сатҳи баланд иҷро на- мояд. Тибқи ин лоиҳаи давлатӣ то имрӯз нахустопераҳои тоҷик «Шӯриши Восеъ»(2009) ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян (2009), «Шерак»-и Саид Ҳамроев (2009), «Рустам ва Суҳроб»-и Талаб Сат- торов (2009) ва «Парасту»-и Фаттоҳ Одинаев (2010) нахустин бор нашр шуданд. Аз соли 2003, яъне аз аввали таъсисёбии Консерваторияи мил- лии Тоҷикистон (ҳоло ба номи Т.Сатторов) то ҳол (2011) вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълимиро ба уҳда дорад. Барои хидматҳои шоёнаш Маҳмадқул Давлатов соли 2009 бо «Медали хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- 1979 – «Обшориҳои баҳор». Фантазия барои оркестри созҳои халқӣ.
- 1979 – «Эй хумори бӯса...», барои сопрано ва фортепиано.
- 1990 – «Фантазия», барои виолончел ва оркестри камеравӣ.
- 2000 – «Ғами дил», барои скрипка ва фортепиано.
- 2000 – «Пйесаҳо», барои квартети торӣ
- 2001 – «Мужда», барои скрипка ва фортепиано.
- 2001 – «Рақс», барои рубоб ва фортепиано.
- 2002 – «Ду рақс», барои кларнет ва фортепиано.
- 2002 – «Ноз», барои скрипка ва фортепиано.
- 2003 – «Рози дил», барои скрипка ва фортепиано.
- 2005 – «Дили чок». Фантазия барои рубоби бас ва фортепиано
- 2008 – «Рақс», барои оркестри симфонӣ.
- 2008 – «Валс», барои оркестри симфонӣ.
- 2009 – «Рақс», барои фортепиано.
- 2009 – «Меҳр», суруд барои квартети торӣ.
- 2010 – «Ду тасниф», барои фортепиано.
- 2010 – Ду пйеса барои труба ва фортепиано.
- 2011 – «Суруди Ваҳдат» (ҳаммуаллиф М. Достиев) барои овоз, хор ва оркестри симфонӣ.
- 2011 – Консерт барои скрипка ва оркестри камеравӣ[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с.60-62