Маҳмадқул Раҳимов
Маҳмадқул Раҳимов (тав. 01.08.1943 дар деҳаи Хуҷии Боло, ноҳияи Шаҳринав – ваф. с.2006, ҳамон ҷо)— омӯзгор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
Маҳмадқул Раҳимов | |
Таърихи таваллуд | 1 август 1943 |
Зодгоҳ | ноҳияи Шаҳринав |
Таърихи даргузашт | 2006 |
Зиндагинома
вироишМаҳмадқул Раҳимов соли 1965 баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) фаъолияташро дар ноҳияи Вахш чун муаллим оғоз намуд. Пас аз адои хидмати ҳарбӣ соли 1969 директори мактаби асосии №147 (ҳоло мактаби миёнаи №20) таъйин шуд. Сипас нозири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор, директори омӯзишгоҳи педагогӣ ва соли 1979-1995 мудири шуъбаи маданияти ноҳияи Ҳисору Шаҳринав шуда кор кардааст. С. 1995-1997 мудири шуъбаи маориф ва чанд сол мудири шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳринав, раиси Ҷамоати Чузӣ буд. Солҳои охири умр вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринавро ба зимма дошт. Хидматҳояш бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Адабиёт
вироиш- Эҳёи маърифат. - Душанбе,2004.[1]
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 463