Маҳмадӣ Мирзоалиев

Маҳмадӣ Мирзоалиев — ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

Маҳмадӣ Мирзоалиев
Маҳмадӣ Мирзоалиев
Таърихи таваллуд: 29 август 1949(1949-08-29) (75 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Симиганҷ, ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаии театр ва синамо

Зиндагинома

вироиш

Маҳмадӣ Мирзоалиев 29-уми августи соли 1949 дар деҳаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, соли 1966 мактаби миёнаро дар деҳаи хеш ба итмом мерасонад.

Соли 1967 ба шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани орзуҳояш омада, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси коргари саҳна фаъолияти худро оғоз мекунад. Ҳамон сол ба факултети санъати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972 онро бомуваффақият хатм менамояд. Аллакай дар давраи донишҷӯӣ фаъолияти худро ба ҳайси актёр дар театр оғоз намуда, то ба имрӯз дар онҷо ҳунарнамоӣ мекунад.

Шаблон:Шахс-нопурра