Маҳмудхон Боқиев
Боқиев Маҳмудхон Иноятуллоевич (зод. 23.4.1951, Ленинобод) — забоншинос, доктори илмҳои педагогӣ (1992), профессор (1994).
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1973). Солҳои 1973-74 муаллими мактаби миёна, 1974-80 ассистенти кафедраи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1983-95 дотсент, мудири кафедра, ходими калони илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, 1995-98 ходими пешбари илмии Институти таҳқиқоти илмии проблемавии Федератсияи Русия буд. Солҳои 1998—2006 ректори Донишгоҳи муосири гуманитарии Русия-Тоҷикистон буд.
Пажӯҳиш
вироишМаҳмудхон Боқиев нахустин олимест, ки дар Тоҷикистон дар Донишгохи муосири гуманитарии Русия-Тоҷикистон таълими фосилавиро ҷорӣ кардааст. Муаллифи қариб 100 асару мақолаи илмӣ, илмию методӣ, дастурҳо оид ба омӯзиши забони русӣ дар алоқамандӣ бо забони тоҷикӣ.
Ҷоизаҳо
вироишАълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), барандаи ҷоизаи байналхалқии ба номи Суқрот (2007). Бо ордени Нишони Фахрии Федератсияи Русия (2001) сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Методика обучения выразительному чтению студентов национальной группы педвузов Таджикистана. М., 1983;
- Изучение русской литературы во взаимосвязы с родной. М., 1991;
- Проблемы гуманизации литературного образования таджикских вузов. М., 1993;
- Проблемы этнокультурологии в произведениях таджикских и русских писателей. М., 1998.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқиев Маҳмудхон Иноятуллоевич // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.