Маҳмуд Атоев (1896, Файзободи Афғонистон – 1980, Душанбе), аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани сохти Шӯравӣ дар Тоҷикистон.

Маҳмуд Атоев
Маҳмуд Атоев
Зодгоҳ Файзободи Афғонистон
Таърихи даргузашт 1980(1980)

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи деҳқони камбағалСолҳои 1917–1920 коргари заводи пахтаи ноҳияи Тирмиз, 1920–1926 афсари ихтиёрии Армияи Сурх буд. Солҳои 1926–1927 ҳамчун ҷонишини сардори Бонки хоҷагии қишлоқ, 1927–1928 ҷонишини раиси Комиҷроияи ш. Сталинобод, 1928– 1931 котиби Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Арал, 1931–1932 ҷонишини Вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1932–1935 дар Донишгоҳи коммунистии ш. Москва таҳсил кардааст. Солҳои 1935–1936 вазифаи сардори шуъбаи сиёсии маркази мошин ва трактори (МТС) ноҳияи Ӯротеппа, 1936–1937 котиби Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Шаҳритус, 1937–1938 директори Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинободро ба уҳда дошт. Инчунин дар вазифаи директори Дорулмуаллимини тоҷикии ш. Тошкент кор кардааст. Солҳои 1938–1941 директори курсҳои раисони комиҷроияҳои ноҳиявӣ дар назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1941–1949 сардори Бонки хоҷагии қишлоқ, 1949–1950 Директори комбинати хӯроки ш. Сталинобод, 1950– 1962 директори коллектори китобхонаҳои Раёсати савдои китоби ҶШС Тоҷикистон буд. Барои хидматҳояш бо ордени «Ситораи Сурх» ва 8 медалҳои Иттифоқи Шӯравӣ, инчунин бо 4 ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Соли 1931 аъзои КМ Ҳизби Комунисти Тоҷикистон ва се маротиба аъзои КИМ ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.71

Пайвандҳо

вироиш