Маҳмуд Туробӣ
Маҳмуд Туробӣ (18 октябри 1924[1], Табрез, Эрон — 1997, Душанбе, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, тарҷумон.
Таърихи таваллуд | 18 октябр 1924 |
---|---|
Зодгоҳ | Табрез, Эрон |
Таърихи даргузашт | 1997 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМаҳмуд Туробӣ дар соли 1922 дар шаҳри Табрези Эрон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби мутавассита дар зодгоҳаш, барои идомаи таҳсил ба Теҳрон меояд ва Донишгоҳи шаҳри Теҳронро бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти кориро аз рӯзноманигорӣ оғоз карда, чанд сол сардабири рӯзномаи «Ховари нав» будааст.
Ин давроне буд, ки сарзамини Иронро мавҷи азими сиёсӣ фаро гирифта буд. Миллиёнҳо ҷавонон ба ҳизбҳои гуногун пайваста ва ба ин гирдоб кашида шуданд. Маҳмуди ҷавон дар шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Ирон бар зидди режими шоҳӣ ширкат кард. Дар натиҷаи муборизаи мардум дар Озарбойҷон ҳукумати миллӣ таъсис ёфт. Маҳмуд Туробӣ вакили Маҷлиси миллӣ интихоб гардид. Аммо пас аз як сол Ҳукумати миллӣ шикаст хурд ва тарафдорону ҳаводорони он шадидан мавриди таъқиб қарор гирифтанд.
Фаъолият
вироишМаҳмуд Туробӣ низ чун садҳову ҳазорон нафар ҳамватанонаш маҷбур шуд тарки миҳан намояд. Ба Тоҷикистон паноҳ бурд ва ба ҳайси мудири масъули рӯзномаи «Муаллимон» ба кор пардохт.
Дар матбуоти Тоҷикистон мақолаҳои зиёди илмӣ ва адабии ӯ ба нашр мерасиданд.
Маҳмуд Туробӣ аз соли 1957 ба Идораи барномаҳои бурунмарзии радиои тоҷик ба кор омада, 40 сол - то вопасин нафаси худ, дар ин ҷо кор кард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз 15-ум то 21-уми октябри соли 2017. www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (24 октябри 2017). 25 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 октябри 2019.