Маҳмуд ибни Исҳоқи Сеторӣ

Маҳмуд ибни Исҳоқи Сеторӣ (?, Бухоро — 1547, Бухоро) — навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Маҳмуд ибни Исҳоқи Сеторӣ

Зиндагинома вироиш

Мусиқӣ, шеъру шоириро аз падараш омӯхта, аз Кавкабии Бухороӣ асосҳои амалӣ ва назарии мусиқиро андӯхта, сипас назди Устод Амир Алиакбари Қонунӣ сетор, қонун ва ҳунари сарояндагиашро такмил дод. Муддати тӯлонӣ дар хидмати Шайбониён (15001599, Абӯсаид 1530—1533, Убайдуллохон 1533—1539, Абдулазизхон 1540—1549) ба сифати мутриб (сеторӣ, хонанда), дафтардор хидмат кардааст. Дар ҳунари сеторнавозӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Марву Ҳирот шӯҳрат ёфта, шогирдону мубаллиғони зиёд дошт.

Дар шаклу анвои созию овозӣ барои сетор таснифоти («амал», «нақш», «савт», «пешрав», «қавл», «тарона») зиёд офарида, махсусан «Пешрави сетор», «Сарахбори сетор», «Нақши сетор», «Амали сетор» ба усулҳои зарбию оҳангии мақомҳои «Бузург», «Бусалик», «Наво», «Ироқ» аз ихтирооти ӯст. Ба таснифоташ «Савти Сетори», «Чанбари Исҳоқӣ» мусиқидонон Ҳофизи Вазир, Ҳофизи Авзали Навҷавони Бухороӣ тазминҳои мусиқӣ намуда, сабки эҷодию иҷроии Маҳмуд ибни Исҳоқи Сеториро идома додаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 148. — ISBN 978-99947-49-13-3.