Маҳмудобод

(Тағйири масир аз Маҳмӯдобод)

Маҳмудобод (порсӣ: محمودآباد ) — шаҳр дар шимоли Эрон, маркази маъмурии шаҳристони ҳамном. Дар соҳили б. Хазар (Каспий), 220 км шимолтар аз Теҳрон ҷойгир аст. Аҳолияш қариб 38 ҳазор нафар (2016), асосан бо шеваи мозандаронӣ гап мезананд. Тобистони начандон гарм ва зимистони сарди муътадил дорад. Ҳарорати миёнаи январ – 17 0С ва июл – 30 0С. Ҳаҷми миёнаи боришоти солона 1000 мм.

Маҳалли аҳолинишин
Маҳмудобод
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ
mahmoudabad.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Дар маъхазҳои асримиёнагӣ Маҳмудобод ҳамчун бандаре дар соҳили баҳр бо номи Аҳлам ёдоварӣ шудааст. Аксари биноҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла, бинои масҷиди ҷомеъ, корвонсарой, қалъа, бандар, бозор, ҳамчунин, хатти роҳи ооҳан аз бандар то доманаи кӯҳи Албурз дар нимаи 2-юми асри 19 сохта шудаанд.   

Иқтисод

вироиш

Шуғли асосии аҳолӣ – моҳигирӣ ва кишоварзӣ (шоликорӣ, боғдорӣ – парвариши меваҳои ситрусӣ). Дар заминҳои васеи атрофи шаҳр шоликорӣ ривоҷ ёфтааст. Маҳмудобод бузургтарин тавлидкунандаи биринҷ дар Эрон ва ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Маҳмудобод яке аз марказҳои бузурги сайёҳии кишвар ба шумор рафта, дар он 4 боғи калони фароғатӣ ва дар атрофи он чандин шаҳраки сайёҳӣ бунёд гардиданд. Дар шаҳр ёдгории таърихии Теппаи Сурхрӯд – қалъа ва истеҳкоми мудофиавии аҳди Ашкониёну Сосониён ҷойгир аст. Мавзеи табиии Ҷангали Алҳам яке аз марказҳои сайёҳии на танҳо Маҳмудобод, балки музофоти Мозандарон ва Эрон маҳсуб меёбад.

Сарчашмаҳо

вироиш
  1. جمعیت به تفکیک تقسیمات کشوری (форс.)