Маҷаллаи Bitcoin яке аз ноширони аслии хабарҳо ва маҷаллаҳои чопӣ мебошад, ки хабарҳои Биткойн вадигар рамзарзҳоро пӯшиш медиҳад. Маҷаллаи Bitcoin дар соли 2012 ба нашр шурӯъ кард. Он аз ҷониби Виталик Бутерин, Михай Алиси, Мэттью Н. Райт, Владимир Марченко ва Висенте С таъсис дода шудааст. [1] [2] Маҷаллаи мазкур ҳоло ба BTC Inc дар Нашвилл, Теннесси тааллуқ дорад ва ки кори маҷалларо мудирият мекунад. [3] [4]

Bitcoin Magazine
URL bitcoinmagazine.com
Навъи вебгоҳ news website[d]
Бунёнгузор Виталик Бутерин
Оғози кор 2012

Таърих вироиш

Виталик Бутерин дар соли 2011 ба Bitcoin таваҷҷуҳ пайдо кард ва ҳамзамон бо Михай Алиси маҷаллаи даврии Bitcoin-ро таъсис дод, ки аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳамроҳ шавад. [5] Замоне ки Алиси дар Руминия зиндагӣ мекард ва Бутерин барои блог мегавишт. Навиштори Бутерин таваҷҷӯҳи Алисиро ба худ ҷалб кард ва баъдан онҳо тасмим гирифтанд, ки маҷалларо нашр кунанд. Бeтарин нақши нависандаи аслиро ҳамчун як пружаи ҷонибӣ ба ӯҳда гирифт дар ҳоле ки дар донишгоҳ ҳузурӣ таҳсил мекард. [6]

Соли 2012, маҷаллаи Bitcoin ба нашри як нашрияи чопӣ аз пойгоҳи худ дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз кард ва ҳамчун аввалин нашрияи ҷиддӣ бахшида ба рамзарзҳо ба ҳисоб мерафт. [7] Бутерин изҳор дошт, ки ӯ ҳафтае 10-20 соат барои нашрия кор мекунад. [8]

Дар ибтидои соли 2015, маҷаллаи Bitcoin ба моликони кунунии худ, BTC Inc. фурӯхта шуд. [9]

Нусхаи чопии нашри маҷаллаи Bitcoin дар соли 2014 дар Осорхонаи Смитсон ҳамчун як қисми намоишгоҳи Арзиши пул ба намоиш гузошта шуд. [10]

Моҳи сентябри соли 2021, маҷаллаи Bitcoin эълон кард, ки бюрои Аврупои Шарқияшро бо мақар дар Киев роҳандозӣ кардааст. [11]

Конфронси Биткойн вироиш

Маҷаллаи Bitcoin конфронсҳои солонаи биткойнҳоро аз соли 2019 роҳандозӣ кардааст. Дар моҳи июни соли 2021, маҷаллаи Биткойн Bitcoin 2021-ро дар Мана Винвуд дар Майами, Флорида баргузор кардааст. [12] [13] Дар конфронси мазкур тақрибан 12 000 нафар иштирок доштанд. [13] Дар як суханронии қаблан сабтшуда, президенти Салвадор Наиб Букеле нақшаҳои худро барои қабули Bitcoin ҳамчун воситаи қонунӣ дар Амрикои Марказӣ эълон кард. [14]

Иқтибосҳо вироиш

  1. Snyder. Meet Vitalik Buterin, the 23-year-old founder of bitcoin rival ethereum. CNBC (23 June 2017). 22 сентябри 2017 санҷида шуд.
  2. Maven Partners with Blockchain-Based Media Platform Po.et to Empower Independent Publishers(англ.). www.businesswire.com (31 January 2018). 16 июни 2022 санҷида шуд.
  3. Bitcoin Magazine(англ.). www.nasdaq.com. 26 сентябри 2020 санҷида шуд.
  4. Deposit methods and Limits (18 май 2022). 16 июни 2022 санҷида шуд.
  5. Michael del Castillo. Dark Wallet: A Radical Way to Bitcoin (en-US), The New Yorker (24 сентябри 2013). Проверено 29 Декабри 2023.
  6. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Wired ворид нашудааст
  7. Vigna, Paul; Casey, Michael J. (2014). "Community". The Age of Cryptocurrency: How Bitcoin and the Blockchain Are Challenging ... Macmillan Publishers. p. 88. ISBN 978-1250065636. 
  8. Tapscott. The Blockchain Revolution and Higher Education. EducaseReview (13 March 2017). 22 сентябри 2017 санҷида шуд.
  9. Buterin. Bitcoin Magazine Has New Ownership(англ.). Bitcoin Magazine.
  10. Bitcoin Magazine, United States, 2014. National Museum of American History.
  11. Magazine. Bitcoin Magazine opens Ukraine bureau as it targets international expansion(англ.). Johnson City Press. 10 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 Декабри 2021.
  12. Schulz. Miami's Bitcoin Convention Was Weirder and More Wonderful Than I Imagined(англ.). Entrepreneur (14 July 2021). 4 ноябри 2021 санҷида шуд.
  13. 13.0 13.1 Sigalos. Thousands of bitcoin believers descended on Miami to party and preach the gospel of 'HODL'(англ.). CNBC (8 June 2021). 4 ноябри 2021 санҷида шуд.
  14. Esposito. El Salvador's president says will send bill to make bitcoin legal tender(англ.), Reuters (6 June 2021). Проверено 11 ноябри 2021.

Пайвандҳои беруна вироиш