Маҷид Ҳомидов
Маҷид Ҳомидов (16 апрели 1907, шаҳри Чуст, вилояти Намангон — 1994, Душанбе) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1947).
Таърихи таваллуд | 16 феврал 1907 |
---|---|
Зодгоҳ | шаҳри Чуст, вилояти Намангон |
Таърихи даргузашт | 1994 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1947) |
Зиндагинома
вироишҲунари сарояндагиро аз падару амакаш ёд гирифта, соли 1932 ба водии Вахш омад ва дар ободонии он саҳм гирифт. Солҳои 1935—1940 сарояндаи Театри мусиқии тоҷик, 1941—1961 овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1961—1969 ҳофизи мақомхони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Дар хондани «Шашмақом» маҳорати баланд дошт, «Оромиҷон», «Гиря», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Бебокча», «Синахурӯш», «Талқинча», «Соқинома», «Уфар» ва дигар оҳангҳоро накӯ месуруд. Табъи шоирӣ дошт, ба баъзе шеърҳояш аз қабили «Баҳор омад», «Гулистон шуд», «Ба қаҳрамондухтар», «Хуршеди инқилоб», «Қаҳрамо¬ни мо шудӣ» худ оҳанг баста, замзама намудааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.