«Кохи Наврӯз» — яке аз бузургтарин кохҳои ҷаҳон[1] ва яке аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон аст, ки дар соли 2014 дар шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Ёдмон
Кохи Наврӯз
Кишвар
Макон Душанбе
Дата основания 2014
Баландӣ 46 м
Маҷмааи Кохи Наврӯз (акс аз боло)
Маҷмааи Кохи Наврӯз (акс аз чап)
Маҷмааи Кохи Наврӯз (акс аз кӯча)

Сохтмон

вироиш

Ин кох дар қисмати маркази пойтахт воқеъ шудааст. Идея аввалияи меъморон ин буд, ки як чойхона мудерн ба сабки миллӣ бисозанд.

Кохи Наврӯз аз 5 табақа ташкил шуда ва ҳудуди 40 ҳазор метри мураббаъ он кори дасти ҳунармандони тоҷик мебошад ва бо усули меъмории миллӣ сохта шуда ва дар ҷаҳон беназир аст. Ҳамчунин толорҳои хурду бузург, айвонҳои тобистона, фаввораҳои рангин ва мусиқӣ ба ин муҷтамаъ шукӯҳ хоссе мебахшад. 11 толори ин муҷтамаъ бо ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик аз қабили гаҷкорӣ, музойк ва шишаҳои рангин, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва оинабандӣ тазйин шудааст[2].

Толорҳо

вироиш

Толори «Дидор»

вироиш

Даромадгоҳи толор бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Ин толори банкетӣ буда дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, дар он нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Аржанг»

вироиш

Ин толор аз 29 гуна сангҳои нимқиматбаҳои Тоҷикистон (бинобар толори сангин низ мегӯянд) сохта шудааст Дар девор мозаика аз рӯи мусаввараҳои Камолиддин Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Гулистон»

вироиш

Толори намоиши ифтихори кандакории тоҷик мебошад. Дар ин толор бештар аз 6000 метри муррабаъ кандакорӣ дар чӯб бо сардории усто Бурҳон (Исфара) иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда булурӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Зарандуд»

вироиш

Баландтарин толори бино аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо (16-то) ва болои он нақшҳо бо тилои маҳин ороиш дода шудаанд (бинобар толори тилоӣ низ мегӯянд). Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро дода шудааст. Ҳама кор бо сардории усто Анваршо Ризвонов (н. Рашт) иҷро карда шудааст.[3]

Яке аз 8 муъҷизаи СҲШ

вироиш

Дар соли 2019 «Кохи Наврӯз» дар Душанбе ба унвони яке аз ҳашт мӯъҷизаи муосири Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд[4].

  1. Дворец Навруз в Душанбе принял участников саммита СВМДА. TACC. ТАСС (15 июни 2019). 17 май 2023 санҷида шуд.
  2. “Кохи Наврӯз” ба феҳристи “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид шуд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20190624T1519+0500). 17 май 2023 санҷида шуд.
  3. «Кохи Наврӯз», осорхонаи ҳунарҳои миллӣ //Тоҷикистон, 7 сентябри с. 2016, с 12
  4. خبرگزاری فارس - «کاخ نوروز» تاجیکستان در فهرست 8 معجزه «شانگهای». خبرگزاری فارس (25 июни 2019). 17 май 2023 санҷида шуд.