Маcҷиди Ноҷӣ — ёдгории меъмори дар деҳаи Ноҷии дар Ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Ҳамаи ҷузъҳои чўбини Маcҷиди Ноҷӣро аз масҷиди Хоҷа Назруллои Қалъаи Ҳисор овардаанд. Ҷузъҳои чўбини масҷиди Қалъаи Ҳисорро писари Хоҷа Назрулло-мулло Қудратулло ба Турсун ном сокини деҳаи Ноҷӣ с-ҳои 1925 – 1926 фурўхтааст. Маcҷиди Ноҷӣро устоҳо Қаландар Ғолибов ва Ҳусейн сохтаанд.Дар деҳаи Ноҷӣ масҷиди нави замонавӣ бунёд кардаанд, аммо Маcҷиди Ноҷӣ ҳамчун масҷиди панҷвақтаи амалкунанда ва ёдгории меъморӣ ва таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.[1]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558ғ360