Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад
Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (с) буда, дар қисми ҷанубии шаҳри Ҳисор, дар маҳаллаи Белайдӯз ҷой гирифтааст. Масҷид соли 1991 дари худро ба муъминон боз намудааст. Масҷид хеле калону пуршукӯҳ буда, бо айвону долонҳои худ то 5000 намозгузорро ҷой дода метавонад ва ҳангоми амри маъруфу наҳйи мункар, мавъиза, ниёиш ва ибодат ҳамеша серодам аст. Дар Масҷид тамоми шароит барои имондорон муҳайёст: ду таҳоратхонаи калон; оби гарми доимӣ ва гӯшаҳои махсуси пойафзолгузорӣ. мебошад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558 0