Медали «Хизмати шоиста»

Медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 июли соли 2001 № 29 муқаррар карда шудаанд. Он ба муқаррароти Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Бо медали «Хизмати шоиста» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешаванд.

Медали Хизмати шоиста бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.[1]

МанобеъВироиш

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Моддаи 16