Меъёри ҳуқуқ — нишондоди ҳуқуқӣ мебошад, ки қоидаи рафтор, шартҳои иҷрои онро муқаррар мекунад.

Меьёри ҳуқуқ унсури ибтидоии низоми ҳуқуқ аст. Маҷмӯи чунин меъёрҳо соҳа ва институти ҳуқуқро ташкил медиҳад. Меъёрҳои ҳуқуқ якчанд намуд мешаванд:

  • меъёрҳо-принсипҳо,
  • меъёрҳо-мафҳумҳо,
  • меъёрҳо-қоидаҳои рафтор;
  • меъёрҳои танзимсозанда ва ҳифзкунанда;
  • меъёрҳои императивӣ ва диспозитивӣ, тавсиядиҳанда ва ҳавасмандкунанда;
  • меъёрҳои ваколатдоркунанда, ӯҳдадоркунанда ва манъкунанда;
  • меъёрҳои амали умумӣ ва махсус.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 290