Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ — ин унсурҳои ибтидоие мебошанд, ки ҳуқуқи молиявӣ чун соҳаи ҳуқуқ аз онҳо таркиб меёбанд. Ба онҳо на фақат тамоми ҷиҳатҳои умумии меъёри ҳуқуқ, балки хусусиятҳое низ шомиланд, ки маҳз барои ҳамин соҳаи ҳуқуқ хос мебошанд. Меъёри ҳуқуқи молиявӣ мисли ҳар дигар меъёрн ҳуқуқ қоидаҳои рафтори иштирокчиёни муносибатҳои чамъиятие мебошанд, ки давлат муқаррар карда, худаш муҳофизат менамояд ва он дар ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳуқуқии онҳо ифода ёфтааст. Пас, меъёри ҳукуқи молиявӣ ин қоидаи муайяни қатъиян аз тарафи давлат муқарраркардашуда ва бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ таъмингардидаи рафтор дар муносибатҳои молиявии ҷамъиятие мебошад, ки дар ҷараёни ташкил, тақсим ва истифодаи нақшавии бунёдҳои давлатии пулӣ ба вуҷуд меояд ва он ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳуқуқии иштирокчиёни онҳоро устувор менамояд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 290