Меҳмонхонаи "Фирдавсӣ"
Меҳмонхонаи "Фирдавсӣ" — бинои бисёрфунксионалӣ, меҳмонхонаи чорситорадор дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе воқеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи меҳмонхона
вироишМаҷмааи муосир аз 22 ошёна иборат буда, меҳмонхонаи чорситорадори “Фирдавсӣ” дар ошёнаҳои аз 13 то 22-юми бино ҷойгир шудааст ва дорои 103 ҳуҷраи хизматрасонӣ, аз ҷумла 33 люкс, 8 ним - люкс ва 62 стандартӣ мебошад. Дар меҳмонхона имкон аст дар як вақт ба 200 меҳмон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ хизмат расонда шавад.
Бо ифтитоҳи маҷмааи нави хизматрасонию сайёҳӣ ва фароғатӣ дар пойтахти мамлакат 250 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Дар рафти бунёди иншоот бошад, зиёда аз 150 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буд. Иншооти муосир аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр Саидов ва Ҳикматулло Муқимов дар ҳамкорӣ бо ширкати “Муқим-1” бунёд гардидааст.
Дар бино ҳамчунин марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатию истироҳатӣ, маҷлисгоҳ бо 57 ҷойи нишаст, тарабхонаю ошхона, толори варзишӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир буда, барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтааст. Дар болохонаи бино ҷойи нишасту истироҳати тобистона барои 150 нафар ташкил гардидааст. 58 ҳуҷраи корӣ дар ошёнаҳои аз 3 то 12-уми бино ҷойгир буда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори “Фирдавсӣ” дар шаҳри Душанбе(тоҷ.) (20 апрели 2024). 13 октябри 2024 санҷида шуд.