Меҳтарлом
Меҳтарлом (дарӣ: مهترلام) — шаҳр дар қисми марказии Афғонистон, маркази маъмурии вилояти Лағмон. Дар масофаи 100 км дар самти шарқии Кобул (800 м аз с. б. баланд), дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, дар соҳили ду дарё – Алишинг ва Алинигор ҷойгир аст. Тобистони гарм ва зимистони муътадил дорад. Шумораи аҳолӣ 20 ҳазор нафар. Таркиби аҳолӣ – тоҷикон, паштунҳо, пашаӣ ва дигар қавмҳо, аксари аҳолии Меҳтарломро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Город | |
مهترلام | |
34°39′ с. ш. 70°11′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 795 м |
|
Таърих
вироишВожаи «Меҳтарлом» решаи бостонӣ дошта, дар Авесто ба шакли «Mirhrat», ба маънои меҳр омадааст ва ин вожаро ҳамчун бузург, аршад ва калон низ маънидод кардаанд. Дар забони қавми пашаӣ вожаи «лом» маънои деҳаро дорад ва бо иловаи калимаи «меҳтар» Меҳтарлом-ро «деҳаи бузург» медонанд.
Тибқи ривоёти маъмул дар байни мардуми маҳаллӣ таърихи бунёди Меҳтарлом ба даврони тӯфони Нӯҳ мерасад, ки гӯё бо номи падари Нӯҳ Меҳтарламак рабт доштааст. Тибқи ривояти дигар, Меҳтарлом маҳалли дафни Нӯҳ буда, дар замони ҳукмронии султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба поси эҳтиром дар назди мақбара боғи бошукӯҳ ва масҷид бино ёфта буд.
Дар асрҳои миёна ва баъд Меҳтарлом дар масири роҳҳои тиҷоратӣ бо Ҳинд қарор дошт ва ба маркази муҳимми тиҷорат ва ҳамлу нақл табдил ёфт. Дар натиҷа аҳолии Меҳтарлом афзуд ва кишоварзӣ дар навоҳии атрофи он рушд кард.
Соли 1964 дар замони ҳукмронии Зоҳиршоҳ (1933–73) дар натиҷаи амалӣ акардани ислоҳоти низоми маъмурӣ-идории кишвар, вилояти Лағмон бо марказаш Меҳтарлом ташкил дода шуд. Солҳои 80-уми асри 20 аҳолии Меҳтарлом бо барқ таъмин ва фаъолияти корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маводди ғизоӣ оғоз гардид. Солҳои 2004–20 иқтисоди Меҳтарлом бештар рушд кард, дар шаҳр мутобиқи услубу тарҳҳои муосир мактаб, шифохонаву марокизи саломатӣ, муассисаҳои бонкӣ ва алоқа бунёд шуданд.
Маориф ва фарҳанг
вироишДонишгоҳи давлатии Лағмон дар Меҳтарлом мутахассисонро аз рӯи 4 ихтисос – забону адабиёт, кишоварзӣ, таълиму тарбия, муҳандисӣ ва иқтисод омода менамояд.
Мақбараи Меҳтарломбобо яке аз ёдгориҳои таърихии Меҳтарлом аст, ки чанд қарн пеш бино ёфта, дар аҳди амир Ҳабибуллоҳхон (1901–19) таъмиру тармим гардид (феълан дар ҳолати харобӣ қарор дорад). Меҳтарлом зодгоҳи ашхоси маъруфи Афғонистон – собиқ сарвазири кишвар доктор Абдуззоҳир (падари овозхони машҳури Шарқ – Аҳмад Зоҳир), шоиру нависандагон – Бориқ Шафеӣ, Исҳоқ Нангиёл, Гулпочо Улфат, олими шинохта Муҳаммадҳасан Кокар ва дигарон аст.
Адабиёт
вироиш- تهران، چاپ چهارم، سال ۱۳۹۰ش.شناسنامه افغانستان .بصیر احمد دولت آبادی