Миллионе́р (аз миллион) — сарватманде, ки соҳиби боигарии зиёд (капитал) мебошад, аз як миллион пул, бо ҳисоби доллари ИМА ё евро, фунти Британия, франки Швейтсария дошта бошад. Инчунин сарватмандони мультимиллионер (шахсе, ки якчанд миллион пул дорад) ва миллиардер (шахсе, ки зиёда аз миллиард пул дорад) низ ҳастанд.

Далелҳои ҷолиб

вироиш

Аз рӯи тадқиқотҳои иқтисодчиёни амрикоӣ Томас Стенли (Thomas Stanley) ва Уильям Данко (William Danko), ки дар китобашон бо номи «Ҳамсояам миллионер» (The Millionaire Next Door) навиштаанд, ки 80 % миллионерҳои амрикоӣ худашон миллион пулро ба даст овардаанд ва 20 % бошанд ҳамчун мерос гирифтаанд.

Миллионер ё ҳатто миллиардер шудан мумкин аст, ки пас аз бурди джек-пот дар ягон навъи лотерея гардед (аз суммаи бурд кардаатон дар аксарият кишварҳо андоз супоридан лозим) ва чунин ҳолатҳо низ кам нестанд, ё миқдори зиёди пулро баъди ғолибият дар ягон мусобиқаи варзишӣ ва ғайри варзишӣ ба даст оред.

Дар аксарият кишварҳои тараққи карда минтақаҳои аҳолинишине вуҷуд доранд, ки шахсиятҳои миллионер ва аз миллион доллар ҳам зиёд пул дошта зиндагӣ мекунанд.[1]