Мино
- Барои шаҳри Ҷопон, Мино, Гифу бингаред.
Мино як намуди гул аст. Гули мино гиёхҳои 1 ва бисёрсолаест аз оилаи мураккабгулхо. Мино дар шароити Тоҷикистон гули 1 сола аст. Дар дунё 4 намуди мино маълум буда, Дар Америкаи тропики меруяд. Мино дар бисёр давлатҳо гули маъмул аст. Ду намуди онро дар Тоҷикистон аз соли 1940 парвариш мекунанд. Баландиаш 70-140 см. Пояи рости сершоха, барги рубару ҷойгиршудаи паррадор ё паршакл дорад. Гулаш дар гулпояи дароз ё дар хушагули чалгузамонанд мешукуфад; найчагулаш зард, забонакгулаш сафед, сурх, норинчи ва аргувони мешавад. Мино дар шароити Тоҷикистон (Душанбе) аз нимаи якуми июн то вакти барфбори гул мекунад. онро аз тухм зиёд мекунанд. Моҳи апрел бо усули катори (байни каторхо 30х40 ё 40х60 см) кишт мешавад. Нихоли мино дар қитъаи кушод, хоки серпору ва намии муътадил нагз нашъунамо мекунад.