Миралӣ Шодиев (20 июли 1926, деҳаи Гулистон, ноҳияи Данғара) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1963).

Миралӣ Шодиев
Таърихи таваллуд 20 июл 1926(1926-07-20) (98 сол)
Зодгоҳ деҳаи Гулистон, ноҳияи Данғара
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1963)

Зиндагинома

вироиш

Дар муассисаҳои фарҳангӣ кор накардааст, аз пешаи коргар, ронанда, механизатор умре нони ҳалол хӯрдааст. Вале аз фаъолтарин узви дастаи ҳаваскорони санъати ноҳия буд, қариб ҳеҷ чорабинии фарҳангии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ солҳои 50-70-уми асри гузашта бе иштирокаш нагузаштааст. Асосан аз эҷодиёти халқ таронаҳо интихоб карда, бо маҳорати баланд иҷро менамуд, аммо аз осори шуарои пешин ва муосир низ истифода мебурд. «Дилбари ҷон», «Баҳор омад», «Абрукамон», «Фарёди булбул», «Ин ҳама мегузарад», «Бовар намекунам», «Шӯхи кӯҳистон», «Сарви хиромон», «Хуш омадӣ», «Ба кӯи дӯст» номгӯи чанде аз сурудҳояш аст. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ зиёд сурудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.