Миргарав
Миргарав (? — 1547/48, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда ва шоири форс-тоҷик.
Таърихи даргузашт | 1547 |
---|---|
Пеша(ҳо) | навозанда, шоир |
Зиндагинома
вироишҲунари мусиқӣ, шеър ва улуми инсониро ибтидо аз падараш омӯхта, сониян назди устодони мусиқӣ Юсуф Мавлуди Дуторӣ, Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ, Устод Маъсуми Хонанда ва дигарон асосҳои сознавозӣ, овозхонӣ ва таркиботи назарии онро меомӯзад. Созхои қонун, нузҳат, уд ва танбӯрро бар пояи сабки мусиқидонони Ҳирот омӯхта, дар ин созҳо таснифоти рангин дар жанру анвои созию овозии «савт», «амал», «пешрав», «қавл», «кор», «рехта», «саҷъ» ва ғайра офаридааст.
Мас. «Амали Бузург» (бар усули «Барафшон»), «Пешраво Сабо» (бар усули «Шодиёна»), «Савти Мухаммас» (бар усули «Мухаммас»), «Соқиномаи Миргарав» (бар усули «Соқинома» ва «Уфар») ва ғайра назди аҳли мусиқии Ҳирот пазируфта ва назираҳои зиёде мутрибон сохтаанд. Миргарав ба Кирмон, Рай, Шероз ва Осиёи Хурд (Қустантания) сафар карда, ба муридону пайравони Мавлонои Рум мусоҳибаҳо карда, ба ғазалиёти Мавлоно «савт», «амал», «тарона», «қавл», «рехта» сохта, аз ҷумла «Савти най» («Нолаи най») дар ҳавзаи ҳунарии Рум шӯҳрати зиёд доштааст. Ғазалу рубоиро ба сабки хуросонӣ мегуфт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 157. — ISBN 978-99947-49-13-3.