Мирзошарифи Дабир (форсӣ: میرزاشریف دبیر‎; ? — 1834) — шоир ва хаттоти тоҷик.

Мирзошарифи Дабир

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Самарқанд. Бештари умраш дар Ӯро­теппа (Истаравшан) гузаштааст. Амир Умархон (Амирӣ) Ӯро­теппаро забт намуда, ҳамроҳи дигар асирон Дабирро низ ба Хӯқанд бурд ва муншии дарбори худ таъйин намуд. Дабир бо тахаллусҳои Шариф, Дабир ва Дабирӣ шеър менавишт. Девонаш ёфт нашудааст. Дар тазкираҳову баёзҳо тақр. 100 ғазал, 10 мухаммас, рубоиҳо ва абёти парокандааш сабт гардидаанд. Мавзӯи асосӣ дар ашъори Дабир ишқи ирфонист; зимни эҷоди ғазалҳояш ақидаи худро оид ба ахлоқ дар ҷо­меа, адлу инсоф иброз доштааст. Дар пайравии Саъдӣ ва Бе­дил шеър гуфтааст.

Абёти зер аз ӯст:

Дар ин замон, ки забоноварони вассофанд,
На фозиланд, на олим, на шахси инсофанд.

Ғалат шуд аз хату холат саводи тарҳмазмунам,
Зи бас бо завқи ёдат аз хаёлу фикр маъмунам,
Надорам ҳосиле ҷуз ёди ту дар олами ҳастӣ,
Фанопарварди доғам, корвони дашти Маҷнунам...
Нигаҳ кун ҷониби хоки мазорам, то чӣ мебинӣ,
Ба лавҳи турбатам тӯмори ғам нақш аст аз хунам.
Ба ҳар ҷо гардани ҷуръат пайи таъзим хам кардам,
Чу ашк аз хомаи меҳру муҳаббат карда берунам.
Ба зери чархи дунпарвар намедонам чӣ ҳол аст ин,
Зи ҳар бетолеи дунам, зи ҳар дун бахтвожунам.
Ба номам соғари ишрат диҳад минои нокомӣ,
Дабирӣ, шаҳд хоҳам, мерасад дарҳол афюнам.

Адабиёт

вироиш
  • Султонов С. Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР. Т. 5. Д., 1974