Мирзо Ахмедов
Мирзо Ахмедов (тав. 20. 07. 1931, ш. Конибодом) — риёзидони тоҷик, номзади илмҳои физика-математика (1968), дотсент (1970).
Зиндагинома
вироишСоли 1947 мактаби миёнаро бо медали тило ва соли 1954 факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченкоро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои донишҷӯи гирандаи стипендияи Сталинӣ буд. Дар давоми таҳсил дар донишкада дар мактабҳои миёнаи ноҳияи Ҳисор дарс гуфтааст. Солҳои 1954–1958 муаллими кафедраи математикаи Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1958–1964 муаллими калони кафедраи математикаи олии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1964–1967 аспиранти кафедраи математикаи олии Донишкадаи кӯҳшиносии ш. Ленинград буд. Солҳои 1967–1977 ҳамчун декани шуъбаи ғоибона, 1977 – 1980 мудири кафедраи таҳлили математикӣ, 1980–1988 дотсенти кафедраи мазкур дар донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1988–2007 муаллими фанҳои физика ва математикаи литсейи техникиву алоқаи Душанбе кор кардааст. Аз соли 2007 дотсенти кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Муаллифи 2 китоб ва зиёда аз 60 мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишони «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.