Мирзо Аҳмади Ғофил
Мирзо Аҳмади Ғофил (форсӣ: میرزا احمد غافل; ? — 1878, Мазори Шариф) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодаи деҳаи Хоши вулусволии Ҷирми Бадахшони Афғонистон. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, дар ҳудуди Бадахшон машҳур гардид. Ғофил хаттоти забардаст низ буд ва хатти настаълиқро ба дараҷаи олӣ менавишт. Ӯ аз дабирони хоссаи Мирбобохон − писари Мирнасруллоҳхон, ҳокими Бадахшон буд. Бо куняи Қозӣ Дабир маъруфу машҳур гардида, бо тахаллуси Ғофил шеър эҷод менамуд. Ашъораш фарогири назокатҳои маънавӣ ва адабӣ буда, аксаран ба намояндагони адабиёти классик, хусусан ба Бедил пайравӣ менамуд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо, ҷунгу баёзҳо сабт гардидаанд.
Намунае аз эҷодиёти Ғофил
Шаророҳангаму ҷуз сози ваҳшат набвад оромам,
Матоъи субҳаму маҳмил ба дӯши ноқаи шомам.
Намедонам, чӣ сон гул кардаам дар арсаи олам,
Чу маҳ ҷуз пайкари хам нест дар оғозу анҷомам.
Дар ин водӣ чу ман, ё Раб, мабодо кас гирифторе,
Ки чун товус гардад кисвати ман ҳалқаи домам.
Ғами май нест чун даври мукофотам дар ин гулшан,
Чу хуни ток мино хӯрд, к-аз мино хӯрад ҷомам.
Макун машқи табассум, то насозад даҳр дилхунат,
Ки аз хатти ҷабини ғунча ин гардид эъломам.
Дили огаҳ кудурат аз ҳаводис бештар ёбад,
Бар ин маънӣ дар ин ғафлатсаро Ғофил бишуд номам.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғофил / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.