[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


Мирзо Бархурдор
Мирзо Бархурдор ибни Маҳмуди Туркмони Фароҳӣ
Акс:.jpg
Зодгоҳ: Туркманистон
Навъи фаъолият: нависанда,шоир

БАРХУРДÓР (форсӣ:برخردار) Мирзо Бархурдор ибни Маҳмуди Туркмони Фароҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), нависанда, шоир ва муншии форс-тоҷик (асрҳои 16–17). Дар шеърҳояш тахаллусаш «Мумтоз» мебошад.

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш – Фароҳи Хуросон (ҳоло – дар ҳудуди Туркманистон) ба дунё омада, касби камол намуд, аз улуми матадовилаи давр баҳравар гардид. Баъд аз таҳсили улум ба Марв омада, дар дарбори Аслонхони Гурҷӣ вазифаи муншӣ дошт. Пас аз ду сол бо сабаби номаълуме ба Исфаҳон рӯй оварда ба хидмати Ҳусайнқулихони Қӯрчибошӣ ба мансаби сармуншӣ дохил гардид. Бархурдор дар маҳфилу маҷлисҳои аҳли адаб ширкат мекард, чун шахси хушбаёну суханвар машҳур шуд.

Бо дархости дӯстон дар асоси қиссаҳову ривоятҳои халқӣ асари мансури ороста бо пораҳои манзум бо номи «Маҳфилоро» таълиф кард. Аз Исфаҳон ба зодгоҳаш баргашт, муддате дар шарҳои Ҳирот, Машҳад, Хабушон, Дарун умр ба сар бурд. Дар Хабушон муншии дарбори ҳукмрони он давра Манучеҳрхон ном шахс (ҳукмр. 1626–66) буд. Бар асари ҳуҷуми курдҳо ва қипчоқҳо ба ш. Дарун молу дороии Бархурдор, аз ҷумла асараш «Маҳфилоро» ба ғорат рафт. Бори дуюм ин асарро таълиф намуд ва ба он «Маҳбубу-л-қулуб» ном ниҳод. Мувофиқи маълумоте, ки Барфтӯдакунак дар муқаддимаи «Маҳбубу-л-қулуб» дар бораи худ овардааст, дар байни осори бағоратрафтааш рисолаҳои «Чанд саҳифаи комила», «Руқаот ва макотиб», «Қитъаоти маснуа», «Арқоми подшоҳ ва қиблаҷоти амлок» будаанд. Бархурдор дар осори мансураш пораҳои шеъри иншонамудаашро ҷой додааст. Осори: Маҳбуб-ул-қулуб. Китоби якум. Д., 1975; китоби дуюм, Д., 1979.

Адабиёт

вироиш
صفا ذبیح الله. تاریخ ادبیات در ایران. ج ۵. تهران، ۱۳۷۰؛ دانشنامۀ جهان اسلام.ج ۳. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش

Сарчашма

вироиш