Мирзо Бекматов
Мирзо Бекматов (22 августи 1924, деҳаи Зардолувак, ноҳияи Шӯрообод — 2 феврали 2021, Кӯлоб) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1943—1945). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).
Котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунист дар шаҳри Кӯлоб
|
|
---|---|
1965 — 1974 | |
Таваллуд | 22 август 1924 |
Даргузашт |
2 феврал 2021 (96 сол) Кӯлоб |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишМирзо Бекматов 22 августи соли 1924 дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯроободи вилояти Кӯлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст[1].
Дар синни даҳсолагӣ дар як рӯз аз падару модар маҳрум гаштааст. Дар хонаи ятимони ноҳияи Шӯрообод тарбия гирифта, ӯ бо роҳхат ба Комбинати педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда ва баъди хатми он чун аълочии хониш ба техникуми роҳсозии Душанбе барои идомаи таҳсил рафтааст.
Хонавода
вироишМирзо Бекматов 8 фарзандро ҳамроҳи хамсараш, муаллимаи хидматнишондодаи ҶТ Соҷида Аккалаева ба воя расонидааст.
Корнома
вироишСоли 1950 баъд аз хатми Мактаби олии КМ ВЛКСМ дар шаҳри Маскав бо дархости Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ баргашта, дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ, ҳизбӣ, фарҳангӣ кор мекунад.
Солҳои 1959—1964 ба сифати ҷонишини якуми раис, раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1965 то соли 1974 котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунист дар шаҳри Кӯлоб[2], солҳои 1974—1986 раиси Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб кор кардааст.
Фаъолияти бисёрсолаи бенуқсон, хизматҳои Мирзо Бекматов дар назди Ватан аз ҷониби давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Ӯ ду маротиба намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда, инчунин иштирокдори 23-юмин Анҷумани ҲКИШ буд.
Аз соли 1987 то охири умр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, узви Президиуми Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон ва узви Шӯрои собиқадорони ИДМ буд[3].
Ифтихороту ҷоизаҳо
вироишБо «Ордени Инқилоби Октябр» ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳо, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2002) медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадр шудааст.
Мирзо Бекматов шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб (2001), «Шаҳрванди фахрӣ»-и Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Литва мебошад.
Чанд сол қабл ба Мирзо Бекматов рутбаи низомии «Полковники гвардия» дода шуд[4].
Таълифот
вироишМуаллифи китобҳои «Таърихи ташкилёбии Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб», «Комбриг Томин», «Раиси ревком Саидҷон Назаров», қиссаи ҳуҷҷатии «Ёди он айёми пурошӯб», «Ғолибон», «Назаре ба гузаштаи айём», «По зову времени»[5], «Паҳлӯҳои зиндагӣ» ва «Умри босамар» инчунин даҳҳо мақолаҳои публитсистӣ мебошад.
Даргузашт
вироишМирзо Бекматов 2 феврали 2021 соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб даргузашт[6].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Жизнь замечательных людей. Мирзо Бекматов: ушёл, чтобы остаться. Ховар (22 августи 2022).
- ↑ Нуралӣ Давлат. Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид. asiaplustj.info. ASIA-Plus (9 май 2024). 14 августи 2024 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти Мирзо Бекматови 97-сола, ахирон куҳансарбоз аз Кӯлоб(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (2 феврали 2021). 14 августи 2024 санҷида шуд.
- ↑ Бессмертный полк. Куляб. Бекматов Мирзо Бекматович(рус.). www.moypolk.ru (4 май 2024). 14 августи 2024 санҷида шуд.
- ↑ Bekmatov, M. (2010). По зову времени (Answering the call of time). Irfon.
- ↑ Билоли Шамс, Аваз Юлдашев. Ушел из жизни видный таджикский государственный деятель Мирзо Бегматов (ДОПОЛНЕНО). asiaplustj.info. ASIA-Plus (2 феврали 2021). 14 августи 2024 санҷида шуд.