Мирза Малкумхон маорифпарвар, публисист ва драматургй эронӣ. Аз оилаи ашроф. Дар Порис таҳсил кардааст. Мутарчими шахсии шох ва мушовири Садри Аъзам буд. М.М. дар Теҳрон фаромушхона ном маҳфиле ташкил намуд, ки дар он як гурӯҳ равшанфикрон гирд омада буданд. Мақсаду мароми асосии маҳфили ӯ умуман ислохи башарият ва хусусан ислохи миллати эронй буд.