Мирзо Нуруллоҳи Кафаронӣ
Зиёи Исфаҳонӣ (форсӣ: ضیاء اصفهانی), Мирзо Нуруллоҳи Кафаронӣ (? — 1642, Исфаҳон) — шоир ва котиби дарбори сафавӣ.
Таърихи даргузашт: | 1642 |
---|
Зиндагинома
вироишДар борви зиндагии ӯ тазкираҳо маълумоти мухтасар додаанд. Насрободӣ зодгоҳи Зиёи Исфаҳониро деҳкадаи Кафарони Исфаҳон ва хонадонашро аз бузургони он диёр шумурда, ӯро ҳамчун ҷавони қобилу боистеъдод ёд мекунад, ки бо ҷамъи камолот ороста буд. Зиёи Исфаҳонӣ дар замони ҳукмронии Аббоси I ҳамчун номапардоз (мутарассил) ба дафтархонаи шоҳӣ роҳ ёфта, машғули кор шудааст. Аз як қитъаи ӯ, ки хитоб ба Халифа Султон, вазири аъзам ва домоди Аббоси I аст, шуғли девонию дафтарии ӯ ва аз нарасидани музди маош дар ранҷ буданаш ҳувайдост. Матлаи он чунин аст:
Доваро, эронмадоро, қиблагоҳо, соҳибо,
Эй, ғубори остонат сурмаи чашми тарам!
Ҳамин мазмун дар қитъаи дигари ӯ — дари хитоб ба Мирзосаиди Муставфиу-л-мамолик низ бозтоб шудааст. Зиёи Исфаҳонӣ дар девони шоҳӣ бо адибон Разиюддини Ортимонӣ, Мирзомалики Шарқӣ ва Мирзошафеи Хузонӣ дӯстӣ доштааст. Аз Зиёи Исфаҳонӣ ғазалиёти ошиқона дар пайравӣ аз шоирони сабки ироқӣ, қасидаҳои мадҳӣ, қитъаоту рубоиёт ва ҳамчунин як таркиббанди зебо ва маснавие бо номи «Қазову қадар» боқӣ мондааст. Ин маснавӣ дар баҳри ҳазаҷ ва шомили 260 байт буда, нусхае аз он дар Китобхонаи миллии Музейи Британия мавҷуд аст. Пораҳое аз ашъораш, ба вижа таркиббанди ӯ, дар тазкираҳо нақл шудааст. Дар таркиббанди Зиёи Исфаҳонӣ, ки матлаи он «Ай бути ҳарзагарди ҳарҷойӣ / В-эй бароварда сар ба русвоӣ» аст, қариҳа ва шӯхтабъии шоир ба назар мерасад. Дар сурудани ин шеър ӯ аз сабки таркиббанди Ҳаҷрии Қумӣ (қарни XVII) таъсир гирифтааст. Нусхаи хаттии ин таркиббанди Зиёи Исфаҳонӣ бо хатти настаълиқ дар Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Теҳрон мавҷуд аст. Ҳамчунин нусхаи хаттӣ ба номи «Девони Зиё», ки дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон бо шумораи 3489/8 сабт шудааст, бо ҳамин таркиббанд оғоз мешавад. Ин девон то кунун ба табъ нарасидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зиёи Исфаҳонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.