Мирзо Раҳматов (1 май 1914, Ҷафр20 август 1998, Душанбе) — давлатмард ва дипломати тоҷику шӯравӣ. Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Точикистон (1956—1963).

Мирзо Раҳматов
Таваллуд 1 май 1914(1914-05-01)
Даргузашт 20 август 1998(1998-08-20) (84 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ»
VDNKh gold medal

Корнома

вироиш

Фаъолияти корияшро соли 1925 ба ҳайси деҳқон дар хоҷагии шахсиаш оғоз кард. Колхозчии колхози «Зарбдор»-и ноҳияи Ғарм (1933—1934), мудири шуъбаи пионерони кумитаи комсомолии ноҳияи Ғарм (1934—1935), шунавандаи курсҳои ҳаракати коммунистии кӯдакон (Душанбе, 1935—1936), котиби бюрои ташкилии КМ Комсомоли Тоҷикистон оид ба вилояти Ғарм, мудири бахши кадрҳо, ҷонишини мудир ва мудири шуъбаи ташкилии кумитаи ҲК (б) вилояти Ғарм (1936—1944), шунавандаи Курсҳои ленинии назди КМ ВКП (б) дар Маскав (1944—1945), котиби кумитаи ҲК вилояти Ғарм, ҷонишини якуми мудири шуъбаи кадрҳои ҲК Тоҷикистон (1945—1948), шунавандаи курсҳои олии ҳизбии назди КМ ВКП (б) дар Маскав (1948—1951), мудири шуъбаи мактабҳои ҲК Тоҷикистон, ҷонишини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, котиби КМ ҲК Тоҷикистон (1951—1956), раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1956—1963), Вазири фарҳанги ҶШС Тоҷикистон (1963—1966), сафири фавқулода ва мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Ямани Араб (1966—1972) ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания (1972—1975).

Вакилӣ

вироиш

Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 4-6) ва ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-6). Узви Комиссияи марказии тафтишоти ҲКИШ, КМ (1952-68) ва бюрои КМ ҲК Тоҷикистон (1956-63) интихоб гаштааст.

Ҷоизаву орденҳо

вироиш

Бо ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш