Мирзо Шамсуддини Доъӣ
Доъӣ (форсӣ: داعی), Мирзо Шамсуддин Мирохур ибни Мирҷалолуддини Бухороӣ (? — 1886, Бухоро) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАз удабои аҳди амир Музаффар (ҳукмронӣ 1866—1885) буда, бештар ғазалу мухаммасу фард офаридааст, ки дар мавзӯъҳои мутадовил — ишқу садоқат, ҳусну малоҳат, ахлоқи ҳамида ва сифоти баргузидаи инсонӣ гуфта шудаанд. Нусхае аз девони ашъор ва маҷмӯаи муаммиёти ӯ дар Ганҷинаи дастнависҳои маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд. Намунае аз ғазалиёти малеҳи ошиқонаи Доъӣ, ки дар девони номбурда сабт ёфтааст:
Ай ба гулбарги тарат лолаи ҳумро банда
В-ай ба зулфи сияҳат анбари соро банда.
Ба худойии Худо, мисли ту маҳбуб касе
Н-офарида чу ту Ҳақ анҷуманоро банда!
Набувад гар лаби шаккаршиканат рӯҳафзо,
Зи чӣ рӯ шуд ба каломи ту Масеҳо банда?!
Кай зи ҷо мебарадам ҷилваи симинбаданон,
Шудаам то ба ҷамолат мани шайдо банда?!
Наййири аъзами рухсори туро Меҳр ғулом,
Ба саводи хами зулфат шаби ялдо банда!
Доъиё, гар ҳавасат сурма зи хоки дари ӯст,
Ҷаҳд кун, ҷаҳд, ки ҷӯянда бувад ёбанда!
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доъӣ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.