Мирзо Ҳайити Саҳбо (1850, Вобканд, вилояти Бухоро —1918, Қубодиён) — шоир ба рӯшанфикри тоҷик.

Мирзо Ҳайити Саҳбо
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Саҳбо тақрибан соли 1850 дар Вобканди вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст. Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, пас барои илмомузи ба Бухоро рафтааст. Дар дарбори амир Абдулахад (хукмронияш1885-1910) вазифаҳои дарбони ҳузури амир, мироби ва миршабиро ба ухда дошта, унвони «туксабо» ва «би»-ро соҳиб шудааст. Сахбо дар баробари соҳибмансаб буданаш камбудиҳои дарбор ва дарбориёнро нотарсона фош месохт. Аз ин ру, амир Сахборо барои хакгуиҳояш аз ҳама мансаб маъзул кард ва ин боиси гушанишини ихтиёр кардани шоир гардид. Сахбо дар солҳои гушанишини (1903-04) хам аз танкиди аморат ва амиру дарбориён даст накашид. Уро соли 1915 Кушбеги барои ҷадиди -газетахониаш (рӯзномахониаш) истинток кард. Апрели соли 1917, баъди намоиши ҷавонбухориён дар арки Бухоро махбус гардид. Баъдтар бо бахонаи ҳоким тайин шудан ба Кубодиён бадарга шуда, нихоят апрели соли 1918 баъди вокеаи Колесов аз дасти одамони амир ба қатл расид. Садриддин Айни дар «Намунаи адабиёти тоҷик» рочеъ ба Сахбо маълумот дода, уро соҳибдевон, «пири курбони роҳи тачаддуд, инкилоб ва хакгуй» ёд карда, зарурати нашри девонашро таъкид кардааст. Вале девони Сахбо то хол дастрас нест. Ашъораш дар баёзу тазкираҳои ибтидои садаи XX зиёд ба назар мерасад. Сахбо асосан шоири лирик буда, ғазалу мухаммасҳояш равону дилчаспанд ва аз махорати баланди шоирии ӯ гувоҳи медиханд. У дар ашъораш аз санъатҳои бадеи ва лафзи моҳирона истифода бурдааст. Якчанд ғазали Сахбо ба репертуари ҳофизони касбии тоҷик дохил гардидааст.

Намунаҳо аз ашъори Саҳбо

вироиш
Гуфтам: «Хама побанди ту шуд». Гуфт: «Шумо чи?»
Гуфтам: «Зи ғамат сухт дилам». Гуфт: «Ба мо чи?»
Гуфтам: «Чи шавад ҳосили ман?» Гуфт: «Надонам».
Гуфтам: «Ба сарам даст бинех». Гуфт, ки: «По чи?».
Гуфтам: «Диҳамат чавхари ҷон?». Гуфт: «Чи лозим?».
Гуфтам, ки «Бале гуй маро». Гуфт: «Бало чи?».
Гуфтам: «Чи кунам шод шави?» Гуфт, ки: «Фарёд».
Гуфтам, ки «Санохони туам» Гуфт: «Дуо чи?».
Гуфтам: «Ки барад дил зи барам?» Гуфт, ки: «Чашмам».
Гуфтам: «Хазаре нест туро» Гуфт: «Ибо чи».
Гуфтам: «Набувад рахм туро». Гуфт: «Чи дони?».
Гуфтам, ки: «Ту кушти ҳамаро», Гуфт: «Туро чи?»…
Гуфтам: «Чи дихам буса дихи?». Гуфт, ки «Чон дех».
Гуфтам: «Бикуш имрӯз маро!». Гуфт: «Пагоҳ чи?».
Гуфтам: «Ки бувад ошики ту?». Гуфт, ки «Сахбо».
Гуфтам, ки: «Чаро зулм куни?» Гуфт: «Чаро чи?».

Муҳамасот

вироиш
Ба хар су медави, эй дилрабо бо ишваву бози
Зи ту кабки дари омухт расми пардатаннози.
Набошад дар гулистон чун ту як сарви сарафрозе,
На холи мо ту аз лутфу карам харгиз напартози.
Маро карди ту охир нотавон охиста-охиста.
Туро дар осмони дилбари хамчу камар дидам,
Ба нахли нозуки бодоми чашматро самар дидам,
Гуруру нозу истигно туро хар дам ба бар дидам,
Туро дар кишвари хуби зи шохон хубтар дидам.
Агар гуям, гуломи даргахат Сабхост, меранчи.

Хотира

вироиш
  • Дар шаҳри Душанбе дар маҳалли Кӯҳдоман, кӯчае (Саҳбо) ба номи ӯ гузошта шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, чилди 3
  • Гулшани адаб. Чилди 5