Мирғулом Муҳаммади Ғубор
Мирғулом Муҳаммади Ғубор (форсӣ: میرغولام محمد غبار; 1897, Кобул — 5 феврал 1978, Берлин) — таърихнигор, нависанда, сиёсатмадор, ходими ҷамъиятӣ, яке аз пешвоёни ҷунбиши демократии Афғонистон.
Таърихи таваллуд: | 1897 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 феврал 1978 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Навъи фаъолият: | муаррих, сиёсатмадор, нависанда |
Зиндагинома
вироишТаҳсили ибтидоиро дар назди падараш, ки шахси бомаърифат ва ходими намоёни дарбори амирони Афғонистон — Абдурраҳмонхон ва Ҳабибуллохон буд, фаро гирифтааст. Аз ҷавонӣ бо осору афкори маорифпарварон Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ (Афғонӣ), Файзмуҳаммади Ҳазора, Маҳмуди Тарзӣ ва дигарон ошноӣ пайдо намуда, ба ҷунбиши «ҷавонафғонҳо» пайваст. Забонҳои пашту, урду, ҳиндӣ, англисӣ ва фаронсавиро медонист. Баъди ба сари қудрат омадани Амонуллоҳхон (феврали 1919) Мирғулом Муҳаммади Ғубор дар ш. Ҷабалуссироҷ ба табъу нашри ҳафтаномаи «Ситораи афғон» пардохт (аз ноябри 1920). Баъди интиқоди ҳукумат рӯзнома дар миёнаҳои соли 1921 баста шуд. Аз соли 1921 Мирғулом Муҳаммади Ғубор дар идораи полис ба фаъолият шурӯъ намуда, узви комиссияи давлатии даъват ба сафи артиш дар Ҳирот таъйин гардид. Солҳои 1922-24 ноиби президенти ширкати тиҷоратии давлатии «Амония» ва ҳамзамон намояндаи тиҷоратии Афғонистон дар Маскав буд. Солҳои 1924—1928 вакили мардуми Кобул дар Луи Ҷиргаи Афғонистон буда, ба намояндагии «ҷавонафғонҳо» барномаи ислоҳоти ҳукуматро интиқод намуд. Солҳои 1925-27 ба ҳайси намояндаи Афғонистон дар Фаронса фаъолият дошт. Баъди ба қудрат расидани генерал Муҳаммад Нодиршоҳ (1929) Мирғулом Муҳаммади Ғубор муншии сафорати Афғонистон дар Олмон таъйин гардид. Соли 1931 «Анҷумани адабии Кобул» таъсис ёфт, ки Мирғулом Муҳаммади Ғубор ба узвияти анҷуман даромада, дар нашрияи «Кобул» як силсила мақолаҳо чоп кард. Соли 1932 ба Кобул даъват ва дере нагузашта ҳамчун шахси хатарнок ҳабс гардид. Ӯро ибтидо ба қатл ҳукм карданд, аммо ин ҳукм ба ҳабси дарозмуддат иваз гардида, аз Кобул ба Қандаҳор бадарға шуд. Дар он ҷо рисолаи таърихии «Аҳмадшоҳбобо»-ро навишт. Соли 1942 ба Кобул баргашт ва ба узвияти «Анҷумани таърих» даромад. Соли 1949 дар интихоботи давраи 7-уми Маҷлиси миллии Афғонистон намояндаи мардуми Кобул интихоб гардид. Моҳи январи 1951 дар Кобул ҳизби «Ватан»-ро таъсис намуд ва ба нашри рӯзномаи «Ватан» пардохт. Соли 1952 боз ҳабс гардид. Аз соли 1960 аз корҳои давлатӣ қанорагирӣ карда, ба кори таҳқиқу таълиф пардохт. 11 феврали 1977 баъд аз ҷарроҳии меъда дар яке аз бемористонҳои ш. Берлин аз олам даргузашт ва дар гӯристони «Шуҳадои солеҳин»-и Кобул ба хок супурда шуд.
Мирғулом Муҳаммади Ғубор яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ ва илмию адабии Афғонистон буда, дар омӯзиши таърихи он нақши бузург гузоштааст. Машҳуртарин асари таърихии ӯ «Афғонистон дар масири таърих» мебошад, ки таърихи Афғонистонро аз давраҳои қадим то соли 1928 дар бар мегирад. Ин асари пурарзиш борҳо дар Кобул, Теҳрон, Амрико ва Аврупо чоп шуда, қисми ниҳоии он ба забони русӣ тарҷума ва нашр гаштаанд. Асару рисолаҳои дигари Мирғулом Муҳаммади Ғубор «Афғонистон ва нигоҳе ба таърихи он» (1932), «Аҳмадшоҳбобои афғон» (1943), «Хуросон» (1947), «Афғонистон дар як назар» (1947), «Афғонистон: аз зуҳури ислом то фурӯпошии давлати Тоҳириён» (1947), «Таърихи адабиёти дарии Афғонистон дар қуруни ахир» (1952), «Мамолики Шарқ», «Амирони Афғонистон», «Чингизхон», «Таъсири асорати арабҳо ва ислом дар Афғонистон» ва ғайра мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғубор / Қ. Расулиён // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.