Мисвок
Мисвок (ар. المسواك), сивок (ар. سواك) — дандоншӯяк, лифи чӯбини махсус, ки ҳангоми дастурӯйшӯӣ бо он дандонҳоро мемоланд.
ПешинаВироиш
Асрҳои зиёдаст, ки мусулмонон ба дастури тиббӣ исломӣ бо чуби хушбӯи арок мисвок мекунанд.
Дар исломВироиш
Мувофиқи дастури Муҳаммад пайғамбар дандонҳоро бо лифи чӯбине, ки аз чӯби дарахти арок сохта шудааст, тоза кардан хубтар мебошад. Зеро ба ақидаи Муҳаммад (с) ақоқиё дорои сифатҳои зерин мебошад: дандонро тоза мекунад; ба Худо маъқул аст; фариштаҳоро шод мекунад; нури чашмро равшан карда, ба дандонҳо ҷило мебахшад; дандонҳоро мустаҳкам намуда, дарди онро мегардонад; ба ҳазми таом мадад расонда, балғамро аз гулӯ дур меандозад ва ниҳоят таъсирнокии намозро меафзояд. Ба қавли Муҳаммад (с) баъди хӯрок хурдан бо мисвок тоза кардани дандонҳо аз ду нафар каниз ҳам беҳтар аст. Истифодаи мисвок барои тоза кардани дандонҳо ба Муҳаммад (с) фаришта Ҷабраил (а) маслиҳат дода будааст.
ЭзоҳВироиш
ПайвандҳоВироиш
- Как использовать палочки мисвак?
- Научные исследования результатов применения мисвака. miswak.com.ua. 17 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 марти 2014.
- Как правильно чистить зубы мисваком?. askimam.ru (12 апрели 2009). 17 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 апрели 2014.
Ин мақолаи хурд дар бораи ислом аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |