Греков Митрофон Борисович (то 1911 Мартишенко Митрофан Павлович; 15.6.1882, хутори Шарпаевкаи ҳозира вилояти Ростов — 27.11.1934, Севастопол) — рассоми рус, асосгузори санъати тасвирии размнигории шӯравӣ, узви Академияи рассомии Русия (1925-29). Дар хонаводаи казакҳои рус ба дунё омадааст. Дар Омӯзишгоҳи рассомии Одесса (1899-19) ва Академияи рассомии Петербург (1903-11) таҳсил кардааст. Аз таърихи полкҳои Гренадерский, Кирасирский ва Павловский силсилаи асарҳо офарид (1913). Ҳамчун сарбози одӣ дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) ширкат карда, чандин лавҳаи ҷангӣ эҷод кард. Г. аз аввалин рассомонест, ки солҳои 1918-22 ба воқеаҳои Ҷанги граждании Русия рӯ оварда, дар асарҳояш роҳи бузурги Артиши 1-уми савораи С. М. Будённий ва симои халқи муборизро ба таври муътамаду воқеӣ таҷассум кардааст. Муаллифи асарҳои «Ба отряди Будённий» (1923), «Ароба» (1925), «Шайпурнавозони Артиши якуми савора» (1934) ва ғ. Г. таъсискунандаи диорама ва панорамаҳои размӣ дар санъати шӯравӣ буд. Студияи рассомони ҳарбӣ (таъсисаш 1935) бо номи ӯ гузошта шудааст.

Митрофан Греков
русӣ: Митрофан Борисович Греков
Суратҳо
Таърихи таваллуд 3 (15) июн 1882
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 27 ноябр 1934(1934-11-27)[1][2] (52 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сарчашма

вироиш