Миҷмари Исфаҳонӣ
Сайидҳусайн ибни Алӣ Миҷмари Исфаҳонӣ (форсӣ: سید حسین بن علی مجمر اصفهانی; 1776, Zavareh[d], Устони Исфаҳон — 1810, Теҳрон) — шоири форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1776 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1810 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишӮ дар авохири қарни дувоздаҳуми ҳиҷрӣ дар Завора (шаҳре дар устони Исфаҳон) ба дунё омад ва пас аз таҳсили улумҳои мутадовил ва касби фунуни адабӣ ба Теҳрон раҳсипор шуд ва ба хидмати Муътамидуддавла Нишоти Исфаҳонӣ, ки аз риҷоли донишманд ва аз маорифи шуарои Қоҷория буд, роҳ ёфт. Нишот, ки аз истеъдод ва қареҳаи Миҷмар матлаъ гашт, ба тарбияти вай ҳиммат гумошт ва пас аз чанде ӯро ба дарбори Фатҳалишоҳ бурд ва василаи тақарруби ӯ назди хоқони мағфур гардид. Шоҳи Қоҷор, ки худ низ аз шоирӣ баҳрае вофир дошт ва қадри суханро некӯ мешинохт, вайро мавриди иноят ва мулотафат қарор дод ва ба лақаби «Муҷтаҳидушшуаро» сарфарозаш гардонид.
Умри Миҷмар кӯтоҳ буд. Ризоқулихони Ҳидоят (соҳиби китоби «Равзату-с-сафо») соли фавти Миҷмарро 1810 (1225 ҳиҷрӣ) зикр карда ва менависад: Миҷмари Исфаҳонӣ ашъори намакин дорад ва агар дер зиста буд, ҳамоно тараққии куллӣ менамуд. Шеваи ғазалиёти Миҷмар ба сабки Саъдӣ аст ва гоҳе ҳам ғазалҳои Ҳофизро истиқбол кардааст ва қасоиди ӯ ба сабки ироқӣ ва ағлаб дар мадҳи Фатҳалишоҳ аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- گلهای جاویدان اثر حبیب الله نصیری فر.
- دیوان اشعار مجمر اصفهانی ، غزل شماره ۴۲