Байтал, модиёнаспи мода.

Як модён. Таварруми шикам метавонад аз рӯзҳои аввали ҳомилагӣ сар зада бошад.

Дар 6–7-солагӣ пурра инкишоф меёбад; 36 дандон дорад, даври ҳамлаш 11 моҳ; як бача мезояд. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҳо ба тарзи нигоҳубини байтал вобаста аст. Байталҳоро баъди 6 моҳи ҳомилагӣ дар корҳои вазнин истифода намебаранд. Онҳоро 2 моҳ қабл аз зоидан ва 15 рӯз баъди он кор фармудан мамнӯъ аст. Байтал рӯзе 20–25 л шир медиҳад. Гӯшту равғану шири байтал маҳсулоти серғизо буда, хосияти шифоӣ доранд. Аз шири байтал қимиз тайёр мекунанд.

Сарчашма

вироиш