Молибден аз калимаи юнонии «molybdоs» гирифта шуда, маънояш сурб мебошад. Азбаски минералҳои ин ду металл ба якдигар монанд буданд, ба як гурўҳ мансубашон медонистанд. Аввалин бор кимиёшиноси швед П.Я.Гесли (с.1781), ки печи баландҳарорат дошт, бо таклифи К.В.Шееле металлро гудохт, вале пас аз 40 сол молибдени тозаро И.Я.Берселиус ба даст овард. Танҳо дар асри ХХ истифодаи молибден амалӣ гардид.
Молибден металли сафеди нуқрагун буда, бо аксар хусусиятҳояш ба волфрам шабоҳат дорад, вазнин (зичиаш 10,2 г/см3), мураккабгудоз, дар 28900С гудохта шуда, дар 48850С меҷўшад, устувор, ёзанда, кашанда ва ноқил аст. Зиёда аз 90% металли истеҳсолшуда дар металлургия, чун масолеҳи рупушкунандаи пўлод ва хўлаҳои махсус истифода мешавад. Молибден на танҳо бо волфрам, балки бо хром, манган, никел, ниобий омехта шуда, гудохтаҳои устувор, часпак, фарсуданашаванда ва аз зангзанӣ устувории он ба кор бурда мешавад. Инчунин дар саноати кимиёвӣ барои истеҳсоли катализаторҳо, тоза кардани маҳсулоти нафтӣ, пигментҳои гуногун (барои чинӣ ва шиша) ва маводи рупушкунананда васеъ истифода мешавад. Яке аз маводи конструксионӣ, барои истеҳсоли лампаҳои равшандиҳандаи барқӣ, асбобҳои электровакуумӣ (лампаҳои радио, генераторҳо, қубурчаҳои рентгенӣ), симҳои печҳои гармкунанда хизмат мекунад. Дар 1 тонн пўлод 2-5 кг, дар таркиби хўлаҳои махсус то 10 кг молибден сарф шуда, асбобҳои тезбурранда то 80 кг, зангназананда – 70 кг молибден доранд. Хўлаҳои рупушкунии пўлодини молибден дар саноати автомобилсозӣ, тракторсозӣ, авиатсионӣ ва қубурсозӣ истифода мешаванд. Пўлодҳои обутобёфтаи молибден чун зиреҳпўши танкҳо, дар сохтани аслиҳаи ҷангӣ (милтиқ, тапонча) ва тайёр кардани гудохтаҳою пўлодҳои аз ҳад зиёд сахт (стеллитҳо) маводи асосӣ мебошанд. Хўлаи «комоҳром» (Co, Mo, Cr) дар бадани инсон безарар буда, буғуму устухонҳои осебдидаро иваз мекунад.
Молибден, 42Mo |
Молибден |
---|
Талаффуз | (mə-LIB-dən-əm) |
---|
Номи дигар | molybdenum |
---|
Намуди зоҳирӣ | металлии хокистартоб |
---|
Вазни атомии муқаррарӣ Ar, std(Mo) | 7001959500000000000♠95.95(1)[1] |
---|
Молибден дар ҷадвали даврӣ |
---|
|
Рақами атомӣ (Z) | 42 |
---|
Гурӯҳ | гурӯҳи 6 |
---|
Давр | даври 5 |
---|
Блок | d-блок |
---|
Категорияи элемент | Металли гузаранда |
---|
Конфигуратсияи электрон | [Kr] 4d5 5s1 |
---|
Электронҳо аз рӯӣ ҷилд | 2, 8, 18, 13, 1 |
---|
Хосиятҳои физикӣ |
---|
Фаза дар ҲФМ | сахт |
---|
Нуқтаи гудозиш | 2896 K (2623 °C, 4753 °F) |
---|
Ҳарорати ҷӯшиш | 4912 K (4639 °C, 8382 °F) |
---|
Зичӣ (наздик ба ҳ.х.) | 10.28 гр/см3 |
---|
ҳангоми моеъ будан (дар н.г.) | 9.33 гр/см3 |
---|
Ҳарорати гудозиши хос | 37.48 кҶ/мол |
---|
Ҳарорати буғшавии хос | 598 кҶ/мол |
---|
Гармигунҷоиши молярӣ | 24.06 Ҷ/(мол·К) |
---|
Буғи сершуда
P (Pa)
|
1
|
10
|
100
|
1 k
|
10 k
|
100 k
|
---|
at T (K)
|
2742
|
2994
|
3312
|
3707
|
4212
|
4879
|
---|
|
Хосиятҳои атомӣ |
---|
Дараҷаҳои оксидшавӣ | −4, −2, −1, 0, +1,[2] +2, +3, +4, +5, +6 (a strongly acidic oxide) |
---|
Электроманфиият | Ҷадвали Полинг: 2.16 |
---|
Қувваҳои иондоршавӣ | - 1-ум: 684.3 кҶ/мол
- 2-юм: 1560 кҶ/мол
- 3-юм: 2618 кҶ/мол
-
|
---|
Радиуси атом | эмпирикӣ: 139 пм |
---|
Радиуси ковалентӣ | 154±5 пм |
---|
Хатҳои спектрии Молибден |
Дигар хосиятҳо |
---|
Сохтори булӯрӣ | body-centered cubic (bcc) |
---|
Суръати овоз thin rod | 5400 м/с (дар ҳ.х.) |
---|
Васеъшавии ҳароратӣ | 4.8 µm/(m·K) (дар 25 °C) |
---|
Гармигузаронандагӣ | 138 W/(m·K) |
---|
Ҳароратгузаронандагӣ | 54.3 мм2/с (дар 300 K)[3] |
---|
Муқобилияти нисбӣ | 53.4 nΩ·m (дар 20 °C) |
---|
Тартибории магнитӣ | парамагнетик[4] |
---|
Таъсирпазирии магнитӣ | +89.0·10−6 см3/мол (298 K)[5] |
---|
Модули Юнг | 329 ГПа |
---|
Модули ғеҷонидан | 126 ГПа |
---|
Модули чандирии ҳаҷмдор | 230 ГПа |
---|
Коэффисиенти Пуассон | 0.31 |
---|
Сахтии Моос | 5.5 |
---|
Сахтии Виккерс | 1400–2740 МПа |
---|
Сахтӣ аз рӯи Бринелл | 1370–2500 МПа |
---|
Рақами CAS | 7439-98-7 |
---|
Таърих |
---|
Кашф | Карл Шееле (1778) |
---|
Ҷудогузории аввалин | Peter Jacob Hjelm (1781) |
---|
Изотопҳои асосии молибден |
---|
|
| пайвандҳо |