Грамм-молекула
Грамм-молекула, мол — массаи моддаи сода ё мураккаби кимиёӣ, ки бо граммҳо ифода ёфта, ададан ба массаи молекулаи он мусовӣ аст.
Масалан, агар массаи молекулаи нитроген N2 ва кислотаи сулфат H2SO4 мувофиқан 28,0134 ва 98,078 бошад, пас грамм-молекулаи онҳо ба 28,0134 г ва 98,078 г баробар аст Адади молекулаҳо дар як грамм-молекулаи ҳар як модда якхела ва мусовӣ ба адади Авогадро, яъне 6,02252·1023 аст. Грамм-молекулаи ҳар як модда, ки дар ҳолати гази идеалӣ қарор дорад, дар шароити муътадил [0°С ва фишори 101325 н/м2 (760 мм сут. сим.)] тақр. ҳамон ҳаҷмеро ишғол мекунад, ки баробар ба 22,4 л (нигар Қонуни Авогадро) мебошад. Аз рӯи ин таносуб ҳаҷми ишғолкардаи ҳар миқдор газро муайян кардан мумкин аст, мас., 66 г CO2 (массаи молекулааш 44) баробари 1,5 грамм-молекула аст ва ҳамин тавр, дар шароити муътадил ҳаҷми 22,4 л·1,5=33,6 л-ро ишғол менамояд. Мафҳуми грамм-молекула (ҳамчунин килограмм-молекула, тонна-молекула) дар соҳаҳои кимиё, физика ва техника истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Грамм-молекула // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.