Моҳиҳо дар кулу обанборҳои гуногуни Тоҷикистон 47 намуди моҳиҳо во мехуранд, ки ба 11 оилаи моҳиҳо мансубанд. Солҳои охир шарқи дур боз ду намуди (амури сафед ва гуримоҳиҳои ало) оварда шудааст. ҳоло ин моҳиҳоро дар хавзҳои сунъи, ки дар заминҳои кишти зироати ҳочагии русто нобоб сохтаанд, бо муваффакият парвариш мекунанд.

Мохихо чунин хайвоноти сутунмухрадоранд , ки ба ҳаёти оби дар дарёю обанборҳои шириноб ва оби баҳрхо мутобиқат шудаанд. Дар онҳо то охири ҳаёташон галсамахо ҳамчун узви нафасгири боки мемонанд.Чогҳои харакаткунанда ва боқувват доранд. Скелаташон сахт буда , аз бофтаи устухон , тагояк ва қисман устухону тагояк иборат аст. Дили духонаги ва як доираи гардиши хун доранд. Танаашон бо пулакчахо пушида шудааст. Болҳои шиноварии чуфт ва ток доранд. Мохихо чудочинса мебошанд , бордоршавии тухмашон дар об мегузарад. Намудҳои зиндазой низ доранд.Дар замони ҳозира зиёда аз 25 ҳазор намуди гуногуни мохихо дар обҳои руйи замин васеъ пахн шудаанд.Мохихо 500 млн сол кабл аз ин дар оби ширин ба вучуд омадаанд ва ба оби шури баҳру укёнусхо гузаштанд. Дар кулу дарёҳои Тоҷикистон 81 намуди мохихо зиндагӣ мекунанд , ки ба 16 оила мансубанд. Мухити зисти мохихо хеле васеъ ва гуногун мебошанд. Вобаста ба муҳити зист ва омилҳои гуногунтаъсири он мохихо гуногунхел мешаванд. Дар баҳр аз ҳама бештар белугахо , тосмохихо, камбалхо , равганмохихо, шурмохихо ва амсоли инхо зиндагӣ мекунанд.Бисёр намуди мохихо ба зиндагии каъри баҳри мутобиқ шудаанд.Бадани ин мохихо одатан пахн буда,пулакчаҳои тана надоранд,рангашон тирагун аст ва болҳои шиновариашон тагӣир ёфтааст.

Баъзе намуди мохихо рустанихоро мехуранд ва дар байни рустанихо панох шуда , худро аз душман муҳофизат мукунанд. Дар дарёҳои кухии Тоҷикистон ,ки оби хунук ва тозаю шаффоф доранд , бештар гулмохи , ширмохи , лаккамохи , капурва загорамохи зиндагӣ мекунанд.

Танаи мохихо дукмонанд ва шоро мебошад , ки ба муҳити об мувофик аст.Кисми пеши тана борик,миёна гафстар буда , дар қисми дум борик шуда меравад,ки ин шакли тана муковимати обро дар вакти харакат кардан кам мекунад. Тана ба қисми сар,тана ва дум чудо мешавад ,ки бо хамдигар ба таври яклухт пайваст шудаанд. Дар қисми нугтезшудаи пеши сар дахон ҷойгир шудааст. Дар қисми болотари сар як чуфт сурохии бини аён аст , ки ба узви шомма алока дорад. Дар ду паҳлӯи сар як чуфт чашми калон ҷойгир аст , ки тавассути онҳо мохихо ашёи дар наздик ҷойгирбударо ба осони дарк мекунанд. Хамаи мохихо болҳои шиновари доранд ва онҳо гуногунанд. Хангоми шинокуни ахамият ва мавкеи мухим доранд. Хар як боли шиновари аз пардаи нозуки пуст иборат аст,ки онро дар байн устухонҳои сихмонанд рост нигоҳ медоранд. Хангоми васеътар чой иваз кардани устухонҳои сихмонанд пусти байни онҳо таранг кашида шуда , сатҳи боли шиновари васеъ мешавад. Боли тахтапушти мохихо шаклан ва микдоран вобаста ба намуди мохихо гуногун мешавад. Дар нуги дум боли шиноварии дупарраи дум ва дар қисми поёнаш боли шиноварии назди макъад чой гирифтааст. Хамаи ин болҳои номбурда болҳои шиноварии токанд. Мохихо инчунин болҳои шиноварии чуфт хам доранд. Болҳои шиноварии чуфти сарисинаги дар зери тана ҷойгир шудаанд. Хангоми ба пеш харакат кардан боли шиновари нақши асосиро мебозад. Тавассути болҳои шиноварии чуфт мохихо ба тарафи чапу рост мегарданд , ба поён ё ки боло мебароянд , ба пеш охиста – охиста харакат мекунанд ва мувозинатро нигоҳ медоранд. Болҳои шиноварии тахтапушт ва макъад хангоми ба пеш харакат кардан ва ё ба як тараф гаштан ба мохихо ҳолати устувори мебахшанд. Танаи мохихо одатан бо пулакчаҳои устухони пушида шудаанд.

Тарафи пеши хар як пулакча ба болои пулакчаҳои дигар фуру хобидааст. Чунин пушиши пуст мохиро аз таъсироти механики нигоҳ медорад ва ба хар харакати мохи монеъ намешавад. Баробари калоншавии мохи пулакчахо низ хачман калон мешавад ва аз руйи халкаҳои дар пулакча хосилшуда синну соли мохиро муайян кардан мумкин аст.

Нигаред

вироиш