Баҳман
сана
(Тағйири масир аз Моҳи Баҳман)
<< | Баҳман | >> | ||||
Ш | Я | Д | С | Ч | П | А |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 20 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | |||
1403 хуршедӣ |
Баҳман (форсӣ: بهمن аз паҳлави vahuman — нексиришт, фаришта) ё Далв (порсӣ: دلو ) — моҳи 11-ум дар Тақвими Эронӣ ва 30 Рӯз аст.
Моҳи хуршедӣ | Давра (тақрибан) |
---|---|
Фарвардин | 21 март — 20 апрел |
Урдибиҳишт | 21 апрел — 21 май |
Хурдод | 22 май — 21 июн |
Тир | 22 июн — 22 июл |
Мурдод | 23 июл — 22 август |
Шаҳривар | 23 август — 22 сентябр |
Меҳр | 23 сентябр — 22 октябр |
Обон | 23 октябр — 21 ноябр |
Озар | 22 ноябр — 21 декабр |
Дей | 22 декабр — 20 январ |
Баҳман | 21 январ — 19 феврал |
Исфанд | 20 феврал — 20 март |
Баҳманрӯз, рӯзи тақвими офтобӣ — хуршедии авестоӣ ва номи моҳи 11-уми сол. Ориёиҳо рӯзи ҷуфт шудани моҳу рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ба иттилои Абурайҳони Берунӣ дар Суғд дар ин рӯз зардуштиён хӯроке аз ҷамъи донаҳои зироат дар дегҳо мепухтанд ва баҳмани сафед, ки махсуси амшоспандон аст, бо шири соф мехӯрданд ва муътақид буданд, ки ҳофизаро қавӣ менамояд. Дар Хуросон, дар ин рӯз дар дегҳо аз донаҳои зироат ва гӯшт хӯрок мепазанд ва гулҳои ёсумани сурху зард чида, ба сайри саҳро мебароянд ва хурсандӣ мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳман / Ю. Яқубов, Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.