Моҳпайкар Ёрова
Моҳпайкар Ёрова (28 июли 1970, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
| |
Таърихи таваллуд: | 28 июл 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр ва синамо |
Ҷоизаҳо: | Медали «Хидмати шоиста» |
IMDb: | ID 11213834 |
Зиндагинома
вироишМоҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст[1]. Факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М. С. Шепкинро соли 1991 хатм кардааст.
Хонавода
вироишМоҳпайкар Ёрова соли 1993 бо як нафар мард аз Туркманистон издивоҷ мекунад ва чанд муддат дар Ишқобад ба сар мебарад, аз ин издивоҷ соҳиби ду писар — Сиёвуш ва Бобо мешаванд, аммо оқибат аз ҳам ҷудо мешаванд.
Фаъолияти ҳунарӣ
вироишТеатр
вироишАз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи спектаклҳои давоми беш аз ду даҳсола дар театри номрафта рӯи саҳна гузошта нақши хурду калон бозида, бо оромӣ ва камоли кушодарӯӣ фасли тоза дар офариниши образҳо кушод.
Синамо
вироишДар филмҳои бадеии тоҷикии «Убури сангин», «Марги бегуноҳ», «Соҳил», «Баъд аз ғуруб», «Меҳроб», «Оинаи беҷило», «Журналист», «Баҳори як кӯча», «Ормонҳо», «Хокпайванд», «Орзуи рассом», «Арӯси замонавӣ», ду филми истеҳсоли синамогарони Русия — «Хазинаи тило», «Интиқоми туркӣ» ва ғайра нақш офаридааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фараж. Моҳпайкар Ёрова: Ман хело хушҳол мешудам, агар дар баробарам рақибе пайдо мешуд…(тоҷ.). 13 марти 2019 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |