Мубашшир Акбарзод
Мубашшир Акбарзод — адабиётшинос, муҳаққиқ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2007)
Мубашшир Акбарзод | |
Таърихи таваллуд | 25 июли 1969 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент |
Зиндагинома
вироишМубашшир Акбарзод 25 июли соли 1969 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, соли 1986, вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1992 хатм кардааст. Солҳои 1992-1994 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Солҳои 1994-1999 муаллими мактаби миёна, 1999-2002 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, 2002-2006 муаллими ДМТ. Аз соли 2005 мудири шуъбаи адабиёти классикии нашриёти «Адиб», ҳамзамон, ходими илмии шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори адабии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мебошад.Солҳои 2015-2016 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2016 дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Эҷодиёт
вироишМаҷмӯаи мақолаҳояш «Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст» соли 2008 ба табъ расид, ки паҳлӯҳои гуногуни адабиёти тоҷикро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд. Дар таҳия ва таҳрири силсилаи «Ахтарони адаб» (2007-2013), матни комили «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (2012) ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (2013) ширкат варзидааст. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айниро ба хатти кириллӣ (2010) мунташир сохтааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010);
- Ҷоизаи олимони ҷавони АИ ҶТ (2004).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 32 ISBN 978-99947-2-379-9