Музаффари Исфизорӣ

Абуҳотим Музаффари Исфазорӣ (форсӣ: ابوحاتم مظفر اسفزاری‎) — риёзидон ва ахтаршиноси эронӣ.

Музаффари Исфизорӣ
Таърихи даргузашт 1116 ё асри XII
Фазои илмӣ риёзиёт, механика, физик ва ахтаршиносӣ
Шогирдон Хозинӣ

Зиндагинома

вироиш

Таваллуди вай эҳтимолан 437 қамарӣ будааст. Кунияи ӯ Абуҳотим ва номи падараш Исмоил ва аз аҳолӣи Исфизор аст. Ӯ муосири Умари Хайём будааст. Вай дар ислоҳи тақвими эронӣ бо Хайём ҳамкорӣ дошту рисолаи «Ихтисори „Усул“-и Уқлидус»-и вай ба дасти мо расида аст. Ӯ ба ҳамроҳии Хайёму Хозинӣ дар расадхонаи машҳури салҷуқӣ дар Исфаҳон фаъолият мекард. Музаффари Исфизорӣ китобе ба номи осори ъалавӣ ба форсӣ ва дар бораи ҳавошиносӣ нигоштааст. Ӯ навиштаҳое дар мавзӯъоти риёзиёт, ситорашиносӣ, физику меканик ва эҳтимолан ихтироъоте доштааст, аммо ба ҷузи рисолаи «Ихтисори „Усул“-и Уқлидус» бақия ба дасти мо нарасидаанд. Ӯ дар соли 1112 ё 1113 милодӣ дар Балх бо Низомии Арӯзӣ дидоре кардааст[1].

  1. Abattouy. Isfizari. islamsci.mcgill.ca. 6 марти 2017 санҷида шуд.