Музаффар Абдуллоев
Музаффар Абдуллоев (тав. 1.11.1959 дар ш. Қӯрғонтеппа), - ҳуқуқшинос, Корманди фахрии Прокуратураи ҶТ. Дорандаи медали «Хидмати шоиста»
Музаффар Ҷаъфарович Абдуллоев | |
Таърихи таваллуд | 1 ноябрии 1959 |
Зодгоҳ | шаҳри Қӯрғонтеппа |
Зиндагинома
вироишМузаффар Абдуллоев соли 1976 мактаби миёнаи шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм карда, фаъолияти кориашро ҳамчун челонгари Раёсати обтаъминкунии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, С. 1987 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм карда, дар мақомоти Прокуратураи ҶТ дар вазифаҳои муфаттиши прокуратураи ноҳияи Комсомолобод (Ҳоло Нуробод), соли 1987-1991, соли 1991-1994 муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳимми назди Прокуратураи генералии ҶТ, соли 1994-2001 муовини аввали Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, с. 2001-2003 прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Қӯрғонтеппа, 2003-2010 Раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа шуда кор кардааст. Аз с. 2010 то с.2015 раиси суди ноҳияи Ҳисор буд. Абдуллоев полковники адлия, Корманди фахрии Прокуратураи ҶТ буда, бо медали «Хидмати шоиста» мукофотонида шудааст.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 78-79