Музаффар Азизов (тав. 25. 08. 1950, деҳаи Соржи ноҳияи Шуғнон) — риёзидон, доктори илмҳои физика ва математика (2010), профессор (2010).

Музаффар Азизов
Музаффар Азизов
Таърихи таваллуд 25 август 1950(1950-08-25) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1968–1973 дар факултети математикаи ДДОД ба номи Т. Шевченко таҳсил кардааст. Соли 1973 ассистенти кафедраи анализи математикии донишкадаи номбурда, 1975–1980 ассистенти кафедраи анализи математикӣ, солҳои 1980–1985 коромӯз ва аспиранти Институти математикаи Академияи илмҳои ҶШС Украина, 1985–1993 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи анализи математикии донишкадаи омӯзгорӣ, 1993–1997 докторанти Институти математикаи АИ Украина буд. Аз соли 1997 ҳамчун дотсент ва аз соли 2007 дотсент ва мудири кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад.

Оид ба наздиккунии функсияҳо ва ҳали тақрибии муодилаҳои операторӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими анализи математикӣ корҳои илмӣ анҷом додааст. Муаллифи як рисолаи илмӣ, як китоби дарсӣ ва зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Украина нашр шудаанд. Бо ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ ҶШС Тоҷикистон, КМ ВЛКСМ ва нишони фахрии КМ ВЛКСМ сарфароз карда шудааст.

  • Аппроксимационный метод решения дифференциальных уравнений, Киев, 1984;
  • Иформационная сложность приближенного решения интегральных уравнений второго рода, Д., 2010; Математикаи олӣ (Китоби дарсӣ), Д., 2011;
  • О приближении решения интегральных уравнений теории потенциала // Труды математического Института АН СССР, Т. 180. 1987; Информационная сложность уравнения Фредгольма с аналитическими ядрами и свободными членами // Сб. ст. Функциональные пространства. Теория приближений. Нелинейный анализ, М., 1995;
  • Об одном примении аппроксимационого метода // Доклад АН Тадж. ССР, Т. 33, №5, 1990;
  • Информационная сложность локального решения уравнений Фредгольма с аналитическими ядрами и свободными членами // Доклад АН России, Т. 352, №2, 1997.
  • Информационная сложность приближенного решения некоторих классов интегральних уравнений. Д., 2014;
  • Анализи математики (Китоби дарсӣ), ќисми 1. Д., 2018;
  • Анализи математики (китоби дарсӣ), ќисми 3. Д., 2020.

Пайвандҳо

вироиш