Музаффар Ҳусейнзода

Музаффар Ҳусейнзода (Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод; 18 августи 1975, ҶШС Тоҷикистон) — дипломати тоҷик, Сафири Фавқулода ва Мухтор, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2016)

Музаффар Ҳусейнзода

Зиндагинома вироиш

18 августи соли 1975 дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Дар солҳои 1992—1997 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва дар солҳои 1997—1999 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия хондааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд[1].

Корнома вироиш

  • 1999—2000 — Муовини Сардори Раёсат-Оҷонсӣ доир ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2000—2002 — котиби саввум, котиби дуввуми Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2002—2005 — котиби дуввуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия;
  • 2005—2008 — мудири шӯъбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2008—2011 — Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2011—2016 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон;
  • 2014—2016[2] — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, бо қароргоҳ дар Тошканд;

Аз 29 марти соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ вироиш

  1. ХУСЕЙНЗОДА (ХУСЕЙНОВ) Музаффар Махмурод. centrasia.org. ЦентрАзия. 23 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Тағйироти кадрӣ. Садои мардум. 23 ноябри 2022 санҷида шуд.